https://sputnik.tj/20240906/bmt-pulhoe-contact-irsol-shudand-bozpas-1064212948.html
БМТ гуфт, чӣ тавр метавон пулҳое, ки бо CONTACT ирсол шуда будандро бозпас гирифт
БМТ гуфт, чӣ тавр метавон пулҳое, ки бо CONTACT ирсол шуда будандро бозпас гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ гуфт, шаҳрвандон ба куҷо метавоанд барои бозпас гирифтани маблағҳое, ки тавассути низоми пардохтии CONTACT ирсол шуданд, муроҷиат намоянд
2024-09-06T10:41+0500
2024-09-06T10:41+0500
2024-09-06T21:08+0500
дар тоҷикистон
молия
пул
интиқоли пул
бонки миллӣ
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101658/97/1016589736_0:92:1600:992_1920x0_80_0_0_3acbb33b085738f6289e52a0921f051e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт шаҳрвандон интиқолдиҳандагоне, ки дар кишвар қарор доранд, имкон доранд бо пешниҳоди аризаи хаттӣ бевосита ба ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ муроҷиат намояндШаҳрвандон ба ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ барои бозпас гирифтани маблағҳои тавассути низоми пардохтии CONTACT ирсолшуда бояд аризаи хаттӣ нависанд.Ҳамчунин, ба интиқолдиҳандагони дар хориҷи кишвар қарордошта барои бозпас гардонидани маблағҳои ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохтии CONTACT интиқолшуда зарур аст, ки ба “Агентство по страхованию вкладов” бо пешниҳоди аризаи хаттӣ, расиди маблағи интиқолшуда ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд.Тавре Бонки марказии Русия қаблан қайд карда буд, пас аз лағви муҷаввизи оператори низоми пардохтии CONTACT бонки Qiwi, фаъолияти низоми пардохтии CONTACT дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маҳдуд шуд.Дар баробари ин, мушкили гирифтани маблағе, ки аллакай интиқол дода шуда буд, ба вуҷуд омад.Бонки марказии Федератсияи Русия иҷозатномаи амалиёти бонкиро аз Qiwi Bank санаи 21 феврали соли 2024 лағв кард.Ташкилоти қарзӣ дар системаи бонкии Русия ҷои 89-умро ишғол кард.Дар фаъолияти бонк ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои аз ҷиноят содиршуда ошкор карда шуданд.
https://sputnik.tj/20240229/bmt-vaz-intiqol-sistema-contact-nazorat-1061873639.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101658/97/1016589736_195:0:1546:1013_1920x0_80_0_0_79d1e9cd561b057cff54116448034df0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, пул, интиқоли пул, бмт contact, ирсол, бозпас
тоҷикистон, бонки миллӣ, пул, интиқоли пул, бмт contact, ирсол, бозпас
БМТ гуфт, чӣ тавр метавон пулҳое, ки бо CONTACT ирсол шуда будандро бозпас гирифт
10:41 06.09.2024 (Навсозишуда: 21:08 06.09.2024) Бонки миллӣ гуфт, шаҳрвандон ба куҷо метавоанд барои бозпас гирифтани маблағҳое, ки тавассути низоми пардохтии CONTACT ирсол шуданд, муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт шаҳрвандон интиқолдиҳандагоне, ки дар кишвар қарор доранд, имкон доранд бо пешниҳоди аризаи хаттӣ бевосита ба ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ муроҷиат намоянд
Шаҳрвандон ба ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ барои бозпас гирифтани маблағҳои тавассути низоми пардохтии CONTACT ирсолшуда бояд аризаи хаттӣ нависанд.
Ҳамчунин, ба интиқолдиҳандагони дар хориҷи кишвар қарордошта барои бозпас гардонидани маблағҳои ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохтии CONTACT интиқолшуда зарур аст, ки ба “Агентство по страхованию вкладов” бо пешниҳоди аризаи хаттӣ, расиди маблағи интиқолшуда ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд.
Тавре Бонки марказии Русия қаблан қайд карда буд, пас аз лағви муҷаввизи оператори низоми пардохтии CONTACT бонки Qiwi, фаъолияти низоми пардохтии CONTACT дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маҳдуд шуд.
Дар баробари ин, мушкили гирифтани маблағе, ки аллакай интиқол дода шуда буд, ба вуҷуд омад.
Бонки марказии Федератсияи Русия иҷозатномаи амалиёти бонкиро аз Qiwi Bank санаи 21 феврали соли 2024 лағв кард.
Ташкилоти қарзӣ дар системаи бонкии Русия ҷои 89-умро ишғол кард.
Дар фаъолияти бонк ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои аз ҷиноят содиршуда ошкор карда шуданд.