Дар роҳи Душанбе–Чанок девор ва саддҳои ҳимоявӣ гузошта мешаванд

© Foto / Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТДОбслуживание дороги Душанбе – Чанок
Обслуживание дороги Душанбе – Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2024
Обуна шудан
Ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории роҳи Душанбе – Чанокро бар ӯҳда дорад мегӯяд аз оғози девор ва саддҳои ҳимоявӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Барои таъмини ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок деворҳои ҳимоявӣ (парапет) сохта мешавад, иттилоъ додааст Намояндагии Ширкати IRS дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз аз ҷониби ширкат дар масофаи 16 000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ва гузошта шудаанд, ки ҳар парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор боқӣ мемонад.
Қайд карда шудааст, ки мавҷудияти чунин деворҳо чандин мошинро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.
Таъкид шудааст, ки ҳангоми навсозии роҳи Душанбе — Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуда, ин иқдом, ки ҳадафи ягонааш таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст, маҳз бо ташаббуси роҳбарияти "IRS" амалӣ гардид.
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2024
Тоҷикистон ба бозори Покистону Ҳинд роҳ меёбад: Бунёди роҳи оҳан то сарҳади Афғонистон
Зикр гардидааст, ки гузоштани чунин деворҳо дар масири Душанбе – Чанок идома дорад.
Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон), ки 411 км дарозӣ дорад ва нақби (тоннели) Шаҳристон дар солҳои 2005-2008 ба анҷом расидааст.
Роҳи автомобилгард пойтахти кишварро тамоми сол бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад.
Роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак бо харҷи қариб 1 миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0