https://sputnik.tj/20240905/rahmon-nohiyai-hamadoni-havzi-obsofkuniro-iftitoh-1064206939.html
Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳавзи обсофкуниро ифтитоҳ кард
Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳавзи обсофкуниро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳавзи обсофкунӣ сохта ба истифода дода шуд
2024-09-05T14:29+0500
2024-09-05T14:29+0500
2024-09-05T14:29+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҳамадонӣ
ифтитоҳ
иншоот
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064203924_154:88:1280:721_1920x0_80_0_0_e95f21c2b00079ced35d26ce0d845dc3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.Таъкид гардидааст, ки аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи пасттар аз сатҳи маҷрои дарёи Панҷ ҷойгир аст ва аз ин сабаб мавзеи мазкур қаблан борҳо аз боришоту обхезӣ хисорот дидааст.Иттилоъ дода шудааст, ки дарёи Панҷ яке аз дарёҳои серлойи ин минтақа ба ҳисоб меравад ва он сарчашмаи обгирии сарҷӯи “Чубек” мебошад. Ҳамасола аз дарёи Панҷ ба сарҷӯи “Чубек” ба миқдори 700 ҳазор метри мукааб ҷинсҳои омехтаи обовард ворид гашта, ҷӯйҳои обёрикунандаро пур мекунад. Ҳамасола мардум бо заҳмат ва харҷи зиёд ҷӯю ҷӯйчаҳоро аз ҷинсҳои обовард тоза мекунанд.Моҳи июли соли 2020 дар доираи лоиҳаи "Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ" масъалаи рафъи таъсири хатарҳои эҳтимолии табиӣ барои аҳолӣ ба миён гузошта шуд.Зикр гардидааст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд татбиқ гардид.Дар доираи амалишавии лоиҳа сохтмони обанбор, мустаҳкамнамоии соҳили минтақа ва инчунин, навсозии пойгоҳи обкашӣ анҷом дода шуд.Қайд карда шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз 1 октябри соли 2020 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ то 30 марти соли 2023 ба анҷом расонида шуд.Иттилоъ дода шуд, ки Чубек дар байни шабакаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Панҷ калонтарин буда, масоҳаташ 50 ҳазору 160 гектарро ташкил медиҳад.Азбаски дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ асоси таракққиёти иқтисодӣ мебошад, бунёди иншооти мазкур натанҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад.Дар доираи лоиҳа ҳамчунин 2 пули мошингузар сохта шуда, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани иншоот ба масофаи зиёда аз 12 километр хатти интиқоли барқ кашида шуда, 2 трансформатори 100 киловолта насб гардидааст.
https://sputnik.tj/20240905/rahmon-bo-safari-kori-ba-nohiyai-mir-sayid-alii-hamadoni-raft--1064202646.html
ҳамадонӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064203924_136:0:1273:853_1920x0_80_0_0_d2fddfe341714937c73de943dcfba3b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, обсофкунӣ, ҳавз, ҳамадонӣ, ифтитоҳ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, обсофкунӣ, ҳавз, ҳамадонӣ, ифтитоҳ
Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳавзи обсофкуниро ифтитоҳ кард
Бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳавзи обсофкунӣ сохта ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.
Таъкид гардидааст, ки аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи пасттар аз сатҳи маҷрои дарёи Панҷ ҷойгир аст ва аз ин сабаб мавзеи мазкур қаблан борҳо аз боришоту обхезӣ хисорот дидааст.
Эмомали Рахмон открыл очистные сооружения в районе Хамадани Хатлонской области
Эмомали Рахмон открыл очистные сооружения в районе Хамадани Хатлонской области
Эмомали Рахмон открыл очистные сооружения в районе Хамадани Хатлонской области
Эмомали Рахмон открыл очистные сооружения в районе Хамадани Хатлонской области
Эмомали Рахмон открыл очистные сооружения в районе Хамадани Хатлонской области
Эмомали Рахмон открыл очистные сооружения в районе Хамадани Хатлонской области
Иттилоъ дода шудааст, ки дарёи Панҷ яке аз дарёҳои серлойи ин минтақа ба ҳисоб меравад ва он сарчашмаи обгирии сарҷӯи “Чубек” мебошад. Ҳамасола аз дарёи Панҷ ба сарҷӯи “Чубек” ба миқдори 700 ҳазор метри мукааб ҷинсҳои омехтаи обовард ворид гашта, ҷӯйҳои обёрикунандаро пур мекунад. Ҳамасола мардум бо заҳмат ва харҷи зиёд ҷӯю ҷӯйчаҳоро аз ҷинсҳои обовард тоза мекунанд.
Моҳи июли соли 2020 дар доираи лоиҳаи "Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ" масъалаи рафъи таъсири хатарҳои эҳтимолии табиӣ барои аҳолӣ ба миён гузошта шуд.
Зикр гардидааст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд татбиқ гардид.
Дар доираи амалишавии лоиҳа сохтмони обанбор, мустаҳкамнамоии соҳили минтақа ва инчунин, навсозии пойгоҳи обкашӣ анҷом дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз 1 октябри соли 2020 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ то 30 марти соли 2023 ба анҷом расонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Чубек дар байни шабакаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Панҷ калонтарин буда, масоҳаташ 50 ҳазору 160 гектарро ташкил медиҳад.
Азбаски дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ асоси таракққиёти иқтисодӣ мебошад, бунёди иншооти мазкур натанҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад.
Дар доираи лоиҳа ҳамчунин 2 пули мошингузар сохта шуда, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани иншоот ба масофаи зиёда аз 12 километр хатти интиқоли барқ кашида шуда, 2 трансформатори 100 киловолта насб гардидааст.