Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафт

© Foto / Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонСафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2024
Обуна шудан
Оғози сафари кории раисҷумҳур ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сафари кории раҳбари кишвар дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.
Манбаъ қайд кардааст, ки дарозии роҳ, ки аҳамияти маҳаллӣ дорад 14,5 километрро дар бар гирифта, деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигулҳо, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадои деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Боғи деҳоти Қаҳрамон ва шаҳраки ноҳияро бо ҳам мепайвандад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин масир аз аввалҳои моҳи майи соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо харҷи 27,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.
Заседание правительства республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2024
Фармони Раҳмон дар бораи интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо
Зикр гардидааст, ки ин роҳ асосан солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, солҳои охир таъмирталаб шуда буд.
"Вазъи нохуби роҳ ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбарро мушкил мегардонид. Акнун роҳи мазкур дар муддати кутоҳ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шуд.”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0