Вазир: Камбуди маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ИИАО вуҷуд надорад

© Sputnik / Екатерина ЛызловаПродажа овощей на крупной продуктовой ярмарке
Продажа овощей на крупной продуктовой ярмарке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) амнияти озуқаворӣ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Узви коллегия (вазири) оид ба саноат ва комплекси агросаноатии комиссияи иқтисодии АвруОсиё Гохар Барсегян дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ гуфт, ки камбуди маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ИИАО вуҷуд надорад.
"Мо дар бозори ИИАО дар амнияти озуқаворӣ камбуди надорем. Ин яке аз самтҳои афзалиятноки мост", - гуфт ӯ.
Барсегян ҳамчунин қайд кард, ки кишварҳои узви иттиҳод ҳоло тадбирҳои таъмини амнияти озуқавории молҳои муҳимро фаъолона баррасӣ доранд.
"Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар сатҳи нахуствазирон, ки охири моҳи сентябр баргузор мешавад, мо яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқ пешниҳод хоҳем кард.
Грузовики на шоссе   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
Дар ИИАО талаботи ягона барои худравҳо ҷорӣ карда мешавад
Ин пешгӯиҳо дар бораи муҳимтарин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки ба мо имкон медиҳад якдигарро дар ҳама соҳаҳо аз бозор огоҳ созем.
Вай илова кард, ки табиист, ки дар асоси ин маълумот ҳамкориҳоро амиқтар хоҳем кард.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.
"Sputnik - шарики умумии иттилоотӣ" дар Форуми иқтисодии Шарқӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0