https://sputnik.tj/20240903/iiao-talaboti-yagona-baroi-khudravho-jori-1064178205.html
Дар ИИАО талаботи ягона барои худравҳо ҷорӣ карда мешавад
Дар ИИАО талаботи ягона барои худравҳо ҷорӣ карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Талаботи ягона стандартҳои умумӣ убури сарҳадро соддатар намуда, бехатарӣ ва самаранокии амалиёти нақлиётиро беҳтар мекунад
2024-09-03T18:10+0500
2024-09-03T18:10+0500
2024-09-03T18:10+0500
ииао
авруосиё
нақлиёт
созишнома
талабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643326_0:134:2864:1745_1920x0_80_0_0_f2d5e080f9a2b62329042d717051f5a9.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тасмим гирифтааст, ки барои ҳамлу нақли худравҳо талаботи ягона ҷорӣ кунад.Дар ин бора сомонаи вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, кишварҳои узви иттиҳод расмиёти дохилии заруриро барои имзои Созишнома дар бораи вазн, бори меҳвар ва андозаҳои иҷозаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳое, ки ба долонҳои нақлиётии АвруОсиё дохил мешаванд, анҷом доданд.Имзои санад дар семоҳаи 4-уми соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.Созишнома меъёрҳои ягонаи массаҳои иҷозатдодашуда, борҳои меҳварӣ ва андозаҳои воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои кишварҳои ИИАО, ки қисми долонҳои нақлиётии АвруОсиё мебошанд, муқаррар мекунад.Ҷорӣ намудани стандартҳои умумӣ убури сарҳадро соддатар намуда, бехатарӣ ва самаранокии амалиёти нақлиётиро беҳтар мекунад.ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.
https://sputnik.tj/20240903/sharik-iiao-mughuliston-az-samthoi-afzaliyatnok-meboshad-1064172657.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643326_132:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_1871d34c0d75a4436b9c776638bc508e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, талабот,сарҳад, нақлиёт, худрав, иқтисод, созишнома, қазоқистон
ииао, талабот,сарҳад, нақлиёт, худрав, иқтисод, созишнома, қазоқистон
Дар ИИАО талаботи ягона барои худравҳо ҷорӣ карда мешавад
Талаботи ягона стандартҳои умумӣ убури сарҳадро соддатар намуда, бехатарӣ ва самаранокии амалиёти нақлиётиро беҳтар мекунад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тасмим гирифтааст, ки барои ҳамлу нақли худравҳо талаботи ягона ҷорӣ кунад.
Дар ин бора сомонаи вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кишварҳои узви иттиҳод расмиёти дохилии заруриро барои имзои Созишнома дар бораи вазн, бори меҳвар ва андозаҳои иҷозаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳое, ки ба долонҳои нақлиётии АвруОсиё дохил мешаванд, анҷом доданд.
Имзои санад дар семоҳаи 4-уми соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Созишнома меъёрҳои ягонаи массаҳои иҷозатдодашуда, борҳои меҳварӣ ва андозаҳои воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои кишварҳои ИИАО, ки қисми долонҳои нақлиётии АвруОсиё мебошанд, муқаррар мекунад.
Ҷорӣ намудани стандартҳои умумӣ убури сарҳадро соддатар намуда, бехатарӣ ва самаранокии амалиёти нақлиётиро беҳтар мекунад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.