https://sputnik.tj/20240904/tojikiston-hinduston-jalbi-sarmoya-sohai-gidroenergetika-1064191102.html
Тоҷикистону Ҳиндустон ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ҳиндустон ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон “WAPCOS Limited” масъалаи рушди ҳамкории энергетикиро баррасӣ карданд
2024-09-04T11:59+0500
2024-09-04T11:59+0500
2024-09-04T11:59+0500
дар тоҷикистон
ҳиндустон
равобит
ҳамкорӣ
энергетика
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/04/1064190521_0:243:960:783_1920x0_80_0_0_6198b2a336f645249191eb311c634255.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор “WAPCOS Limited” Агравал Р. Баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро мавриди муҳоимарони қарор доданд.Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон тарафҳо татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ намуданл.Зикр гардидааст, ки тарафҳо барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд.БА иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 73 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар самтҳои мухталиф ба имзо расидааст.Густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба мебошад.Дар соли 2021 гардиши мол байни ду кишвар ба 122 млн. 607 ҳазор доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ба андозаи 308,8% афзоиш ёфтааст.Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ, қаҳва, чой, доруворӣ, ҷавоҳирот, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ворид мешаванд. Растаниҳои шифобахш ва меваи хушк маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба Ҳиндустон ташкил медиҳанд.Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 57 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводди доруворӣ ва молҳои тиббии Ҳиндустон сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20231018/choy-zargari-namoishgoh-molu-mahsulot-hinduston-khujand-1060008739.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/04/1064190521_0:141:1011:900_1920x0_80_0_0_90823af33393b2dd57c5f98bdbc38769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳиндустон, ҳамкорӣ, энергетика, равобит, сармоягузорӣ, машварат
тоҷикистон, ҳиндустон, ҳамкорӣ, энергетика, равобит, сармоягузорӣ, машварат
Тоҷикистону Ҳиндустон ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ карданд
Мақомоти Тоҷикистон бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон “WAPCOS Limited” масъалаи рушди ҳамкории энергетикиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор “WAPCOS Limited” Агравал Р. Баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро мавриди муҳоимарони қарор доданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон тарафҳо татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ намуданл.
Зикр гардидааст, ки тарафҳо барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд.
БА иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон миёни ду кишвар зиёда аз 73 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар самтҳои мухталиф ба имзо расидааст.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Дар соли 2021 гардиши мол байни ду кишвар ба 122 млн. 607 ҳазор доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ба андозаи 308,8% афзоиш ёфтааст.
Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ, қаҳва, чой, доруворӣ, ҷавоҳирот, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ворид мешаванд. Растаниҳои шифобахш ва меваи хушк маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба Ҳиндустон ташкил медиҳанд.
Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 57 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводди доруворӣ ва молҳои тиббии Ҳиндустон сабт шудааст.