https://sputnik.tj/20231018/choy-zargari-namoishgoh-molu-mahsulot-hinduston-khujand-1060008739.html
Аз чой то маҳсулоти заргарӣ: Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Хуҷанд
Аз чой то маҳсулоти заргарӣ: Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз даҳ ширкати бонуфузи ҳиндӣ дар шаҳри Хуҷанд молу маҳсулоти худро барои сокинону меҳмонон ба намоиш мегузоранд
2023-10-18T14:56+0500
2023-10-18T14:56+0500
2023-10-19T11:41+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
намоишгоҳ
ҳиндустон
молу маҳсулот
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/65/1028326515_0:91:3070:1818_1920x0_80_0_0_9aefd1f671a6597daa57d434446de66b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон бо ҳузури даҳ ширкати бонуфуз баргузор мешавадДар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд иттилоъ доданд.Муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд, Ғайрат Қобилзода дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳи ширкатҳои ҳиндӣ ду рӯз баъд оғоз шуда, қарор аст то нуҳ рӯз давом кунад“Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти заргариву ороишӣ, сарулибос ва чойи ҳиндӣ дар марази умум қарор дода хоҳанд шуд” – гуфт, Қобилзода.Масъулони Палатаи савдо ва саноат мегуянд, ин намоишгоҳ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир карда мешавад.Зимнан ин 5 - умин намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар вилояти Суғд гуфта мешавад. То соли 2018 чунин намоишгоҳ мунтазам доир мешуд, вале ҳамагирии Covid-19 барои як муддат монеъи баргузории он гардид.Бино ба иттилоъи дарёфтӣ намоишгоҳ рӯзи 20 октябр дар Кохи Рӯдакӣ дар Хуҷанд оғоз шуда, қарор аст то рӯзи 29 октябр идома кунад.Интизор меравад, ки дар заминаи баргузории ин чорабинӣ миёни соҳибкорони тоҷик ва ҳиндӣ созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20231017/dushanbe-namoishgoh-baynalmilali-universal-tojikiston-barguzor-1059986194.html
хуҷанд
ҳиндустон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/65/1028326515_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_24dea58f6424e4a6c81e072fc8a1e0dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, намоишгоҳ, баргузор, ҳиндустон, суғд, молу маҳсулот
тоҷикистон, хуҷанд, намоишгоҳ, баргузор, ҳиндустон, суғд, молу маҳсулот
Аз чой то маҳсулоти заргарӣ: Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Хуҷанд
14:56 18.10.2023 (Навсозишуда: 11:41 19.10.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз даҳ ширкати бонуфузи ҳиндӣ дар шаҳри Хуҷанд молу маҳсулоти худро барои сокинону меҳмонон ба намоиш мегузоранд.
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон бо ҳузури даҳ ширкати бонуфуз баргузор мешавад
Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд, Ғайрат Қобилзода дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳи ширкатҳои ҳиндӣ ду рӯз баъд оғоз шуда, қарор аст то нуҳ рӯз давом кунад
“Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти заргариву ороишӣ, сарулибос ва чойи ҳиндӣ дар марази умум қарор дода хоҳанд шуд” – гуфт, Қобилзода.
Масъулони Палатаи савдо ва саноат мегуянд, ин намоишгоҳ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир карда мешавад.
Зимнан ин 5 - умин намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар вилояти Суғд гуфта мешавад. То соли 2018 чунин намоишгоҳ мунтазам доир мешуд, вале ҳамагирии Covid-19 барои як муддат монеъи баргузории он гардид.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ намоишгоҳ рӯзи 20 октябр дар Кохи Рӯдакӣ дар Хуҷанд оғоз шуда, қарор аст то рӯзи 29 октябр идома кунад.
Интизор меравад, ки дар заминаи баргузории ин чорабинӣ миёни соҳибкорони тоҷик ва ҳиндӣ созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида хоҳад шуд.