Як ваҷаб қаду 5 сентнер ҳосил: ғаллакорони Суғд паёмади бебарқию беобиро баён карданд

Обуна шудан
Кишоварзон дар навоҳии Суғд мегуянд, мушкили барқу обрасонии баҳори имсол ба нашъунамои зироатҳо таъсир расонида, боиси коҳишёбии ҳосил гардидааст
Зимнан дар навоҳии Тоҷикистон мавсими ғунучини ҳосил аз ҷумла дарави ғалладонагиҳо шурӯъ шудааст.
Шуморе аз зироатпарварон мегуянд, айём кишти заминҳо ба мушкили барқу обрасонӣ дучор шуда буданд ва ин вазъ ба ҳосили ғалладонагиҳо ҳам бетаъсир намондааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар кард ва бо ғаллакорон ҳамсуҳбат шуд.
Фурқат Норов, яке аз деҳқнон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳор намуд, ки баҳори соли ҷорӣ бино ба сабаби маҳдудияти барқрасонӣ онҳо саривақт обёрии заминҳоро ба роҳ монда натавонистанд. Дар натиҷа зироати ғаллаи онҳо дуруст насабзида, қад накашид ва бо ҳамин ҳосили он ҳам хеле коҳиш ёфт.
Таъсири як корхона: ду шаҳру ноҳияи Суғд нақшаи андозро иҷро карда натавонистанд
“Дар фасли баҳор борон дуруст наборид, бо ин вуҷуд дар вақти зарури ҷараёни электрикӣ қатъ гардид ва чоҳҳои обкашӣ дуруст кор накарданд. Дар миён муддати афзоиши зироатҳо гузашт ва ниҳоли гандум як ваҷаб боқӣ монд. Ҳосили ғаллае, ки дарав кардаистодаем 5 – 10 сентнерӣ рост меояд” - иброз намуд, кишоварз.
Масъулони идораи кишоварзӣ мегуянд, обёрии 80 дарсади киштзорҳои Суғд асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ сурат мегирад ва бидуни барқрасонии мунтазам иҷрои ин корҳо ғайриимкон аст.
Кадом шаҳру ноҳияҳои Суғд фасодзадаанд?: Шарҳи мақомот
Шурӯъ аз тирамоҳи соли гузашта дар Тоҷикистон мушкили барқрасонӣ ба вуҷуд омад то баҳори соли ҷорӣ давом кард. Масъулин ин вазъро ба камшавии ҳаҷми маҷрои об дар обанбори бузурги “Норак” шарҳ доданд.
Кишоварзони Суғд умедворанд, ки вазъ беҳтар мешавад ва онҳо камбуди ҳосили имсоларо дар соли оянда ба даст хоҳанд овард.
Лентаи хабарҳо
0