Ронандаи тоҷик дар Русия дучори садама шуд ва 8 мусофираш ба ҳалокат расид

© Sputnik / Svetlana ShevchenkoМашина скорой помощи. Архивное фото
Машина скорой помощи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2024
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, ронандаи тоҷик ҳамроҳ бо ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарии беморхона шуданд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар шоҳроҳи вилояти Нижегородский Русия садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Русия.
Бар хабари манбаъ, микроавтобуси Huinday Grand Starex бо 11 мусофир, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд, дар километри 357- и шоҳроҳи федералии М-12 дар ноҳияи Навашинский дучори садама шуд.
Мошинро шаҳрванди Тоҷикистон идора мекард.
Манбаъ меафзояд, ронанда идораи мошинро аз даст дода, аввал ба истгоҳ бархӯрд ва пас аз он чаппа шуд.
"Дар дохили мошин 11 шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд, ки ҳузури онҳо дар Русия қонунӣ буд", - таъкид намуд ВКД Русия.
Зикр гардид, ки бар асари садама 8 мусофир дар ҷойи ҳодиса ҷон аз даст доданд. Ҳамчунин ронанда ҳамроҳ бо ду мусофираш ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми 5 моддаи 264-и Кодекси ҷиноии Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахсон шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2024
Ҳабси ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё дар Санкт-Петербург: Ӯ дар суд чӣ гуфт?
Ёдовар мешавем, моҳи май дар шаҳри Санкт - Петербург як ронандаи тоҷик идораи автобусро аз даст дода ва аз болои купрук ба дарё сарозер шуд.
Бар асари ин ҳодиса 7 нафар қурбон шуда, 9 тани дигарро зинда аз даруни об берун оварданд.
Зимнан, додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург қарори ҳабси пешакии ронандаи автобусро содир намуд.
Лентаи хабарҳо
0