https://sputnik.tj/20240512/habsi-ronandai-avtobusi-sarozershuda-sankt-peterburg-1062822039.html
Ҳабси ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё дар Санкт-Петербург: Ӯ дар суд чӣ гуфт?
Ҳабси ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё дар Санкт-Петербург: Ӯ дар суд чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё, Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ гуноҳашро иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намуд, хабар дод котиботи додгоҳ дар Санкт-Петербург
2024-05-12T16:50+0500
2024-05-12T16:50+0500
2024-05-12T16:51+0500
дар русия
муҳоҷират
садама
пурқурбонӣ
ҳалокат
санкт-петербург
қарори додгоҳ
ҳабс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург қарори ҳабси пешакии ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё, Раҳматшоҳ Қурбоновро содир намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳ хабар дода, афзуд, ки ронанда дар ду моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳад дошт. "Додгоҳ нисбати ронанда Раҳматшоҳ Қурбонов чораи ҳабси пешакӣ то 9-уми июли соли 2024-ро интихоб кард", - омадааст дар иттилоия. Ронандаи автобуси сарозершуда дар навбати худ гуфтаст, ки ба гуноҳаш иқрор аст ва тавба мекунад, афзуд хадамоти матбуоти додгоҳ. Қаблан сокинони Санкт-Петербург дар ҷое, ки автобус ба дарё сарозер шуд, ёдбуд барпо карданд. Ҳамчунин мақомот аз боздошти роҳбари колоннае хабар доданд, ки шароити кору истироҳати лозимиро фароҳам накардааст. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 май дар шаҳри Санкт-Петербург як автобус бо мусофирон аз купрук ба дарёи Мойка сарозер шуд. Зимнан зикр гардид, ки ронанда идораро аз даст дода, ба ду мошин бархӯрда, панҷараро рахна карда, ба об сарозер шудааст.Наҷотдиҳандагон 9 нафарро аз автобуси ғарқшуда наҷот доданд. Тибқи маълумоти ахири Сарраёсати тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург, шумори кушташудагон дар натиҷаи ин ҳодиса ба 7 нафар расидааст.
https://sputnik.tj/20240329/sadama-purqurboni-roh-dushanbe-chanoq-1062259795.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарор, ронанда, ҳабс, содир, санкт петербург
қарор, ронанда, ҳабс, содир, санкт петербург
Ҳабси ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё дар Санкт-Петербург: Ӯ дар суд чӣ гуфт?
16:50 12.05.2024 (Навсозишуда: 16:51 12.05.2024) Ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё, Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ гуноҳашро иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намуд, хабар дод котиботи додгоҳ дар Санкт-Петербург
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург қарори ҳабси пешакии ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё, Раҳматшоҳ Қурбоновро содир намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳ хабар дода, афзуд, ки ронанда дар ду моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳад дошт.
"Додгоҳ нисбати ронанда Раҳматшоҳ Қурбонов чораи ҳабси пешакӣ то 9-уми июли соли 2024-ро интихоб кард", - омадааст дар иттилоия.
Ронандаи автобуси сарозершуда дар навбати худ гуфтаст, ки ба гуноҳаш иқрор аст ва тавба мекунад, афзуд хадамоти матбуоти додгоҳ.
Қаблан сокинони Санкт-Петербург дар ҷое, ки автобус ба дарё сарозер шуд, ёдбуд барпо карданд. Ҳамчунин мақомот аз боздошти роҳбари колоннае хабар доданд, ки шароити кору истироҳати лозимиро фароҳам накардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 май дар шаҳри Санкт-Петербург як автобус бо мусофирон аз купрук ба дарёи Мойка сарозер шуд. Зимнан зикр гардид, ки ронанда идораро аз даст дода, ба ду мошин бархӯрда, панҷараро рахна карда, ба об сарозер шудааст.
Наҷотдиҳандагон 9 нафарро аз автобуси ғарқшуда наҷот доданд. Тибқи маълумоти ахири Сарраёсати тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург, шумори кушташудагон дар натиҷаи ин ҳодиса ба 7 нафар расидааст.