https://sputnik.tj/20240901/rahmon-oghozi-jangi-sard-ehtimoli-jangi-hastai-takid-kard-1064154883.html
Раҳмон аз оғози “ҷанги сард” ва эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ таъкид кард
Раҳмон аз оғози “ҷанги сард” ва эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки имрӯз ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шудаанд
2024-09-01T12:59+0500
2024-09-01T12:59+0500
2024-09-01T12:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
сиёсат
рӯзи дониш
ҷанги сард
ҷанги ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/10/1063967924_0:3:1280:723_1920x0_80_0_0_b36da74514fdb339f42467728b2b7553.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Дониш таъкид кард, ки вақтҳои охир ва хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва "ҷанги сард" роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.Вай гуфт, танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.Раҳбари кишвар зикр кард, ки дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёра аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳаммият дорад.“Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад”, - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20240901/oghozi-soli-khonish-tojikiston-darshoi-sulh-maktabhoi-ruzi-yakshanbe-1064151131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/10/1063967924_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_963a577f3a54efe467af4afb9786a0f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, рӯзи дониш, қурбонӣ, манфиат, сиёсат, ҷанги сард, бозиҳои геосиёсӣ
эмомалӣ раҳмон, рӯзи дониш, қурбонӣ, манфиат, сиёсат, ҷанги сард, бозиҳои геосиёсӣ
Раҳмон аз оғози “ҷанги сард” ва эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ таъкид кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки имрӯз ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Дониш таъкид кард, ки вақтҳои охир ва хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва "ҷанги сард" роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.
Вай гуфт, танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.
“Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд”, - таъкид кард ӯ.
Раҳбари кишвар зикр кард, ки дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёра аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.
“Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд”, - илова кард Раҳмон.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳаммият дорад.
“Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад”, - гуфт ӯ.