Оғози соли хониш дар Тоҷикистон: Дарсҳои сулҳ дар мактабҳо дар рӯзи якшанбе

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонШкольники
Школьники  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2024
Обуна шудан
Имсол мактабҳои Тоҷикистон дарҳои худро барои садҳо ҳазор хонандаи синфи як боз карданд ва барои онҳо дар Рӯзи дониш Дарси сулҳ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид.
Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид ва баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, ба тамошои суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино ба муносибати Рӯзи дониш шурӯъ намуданд.
Бархе омӯзгорони тоҷик бар ин назаранд, ки баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҳазор нафар ба синфи 1-ум мераванд.
Учительница ведет первоклассников на первый урок в школе №16 города Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2024
1 сентябр ҳама ба мактаб: Оғози соли хониш ва нахустин Дарси сулҳ дар рӯзи якшанбе
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, хабар додааст, ки айни замон дар мамлакат 3991 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 278 ҳазору 648 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0