https://sputnik.tj/20240815/sentyabr-maktab-oghozi-soli-khonish-darsi-sulh-ruzi-yakshanbe-1063947109.html
1 сентябр ҳама ба мактаб: Оғози соли хониш ва нахустин Дарси сулҳ дар рӯзи якшанбе
1 сентябр ҳама ба мактаб: Оғози соли хониш ва нахустин Дарси сулҳ дар рӯзи якшанбе
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 1 сентябр, ки имсол ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи дарсӣ эълон шудааст ва дар ин рӯз Дарси сулҳ баргузор мегардад
2024-08-15T09:59+0500
2024-08-15T09:59+0500
2024-08-15T09:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
рӯзи дониш
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101662/42/1016624236_0:0:2810:1582_1920x0_80_0_0_7bc4e73076c2525f9ead0863d3e89738.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рӯзи 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки имсол низ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе Дарси сулҳ баргузор мегардад.Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, омӯзгорон хонандагонро барои аз худ намудани дониши хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба Ватану миллат даъват менамоянд.Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.Айни замон дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳоро 127 ҳазору 620 нафар омӯзгорон таълим медиханд.
https://sputnik.tj/20240726/vaziri-maorif-norasoii-omuzgor-maktab-1063674440.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101662/42/1016624236_229:56:2810:1992_1920x0_80_0_0_22a7eb90641cc6537e145046d38e2feb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
якшанбе, тоҷикистон, соли хониш, мактаб, дарси сулҳ, мактаб, маориф
якшанбе, тоҷикистон, соли хониш, мактаб, дарси сулҳ, мактаб, маориф
1 сентябр ҳама ба мактаб: Оғози соли хониш ва нахустин Дарси сулҳ дар рӯзи якшанбе
Рӯзи 1 сентябр, ки имсол ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи дарсӣ эълон шудааст ва дар ин рӯз Дарси сулҳ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рӯзи 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
“Рӯзи дониш, яьне 1 сентябр, новобаста аз он, ки ба рӯзи якшанбе — истироҳат рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эьлон мегардад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки имсол низ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе Дарси сулҳ баргузор мегардад.
Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, омӯзгорон хонандагонро барои аз худ намудани дониши хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба Ватану миллат даъват менамоянд.
Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳоро 127 ҳазору 620 нафар омӯзгорон таълим медиханд.