https://sputnik.tj/20240901/nakhustin-chempionati-jahon-gushtingiri-dushanbe-anjom-1064155973.html
Нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ дар Душанбе чӣ гуна анҷом ёфт?
Нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ дар Душанбе чӣ гуна анҷом ёфт?
Sputnik Тоҷикистон
Аз 28 то 31 август дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор гардид.
2024-09-01T15:51+0500
2024-09-01T15:51+0500
2024-09-01T15:51+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
душанбе
гӯштингирӣ
чемпиони ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064146080_122:0:1275:649_1920x0_80_0_0_d2dce0b41ff770734c40f7a04cd1dee9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.Бояд гуфт, ки 29 августи соли равон бо иштироки намояндагони 62 кишвари ҷаҳон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардид.Дар рӯзи якуми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн- то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.Дар вазнҳои то 65, 71 ва ҷамъи 95 кг гурӯҳи мардона варзишгарони тоҷик — Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуданд.Дар вазни то 70 кг байни духтарон варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардиданд.Дар маҷмӯъ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медали тилло 1 нуқра ва 5 медили биринҷӣ шуданд.Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим гардид.Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро гирифтанд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида шуданд.Бояд гуфт, ки ҷонвари нодири Тоҷикистон – бабри барфӣ рамзи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ пазируфта шуд.
https://sputnik.tj/20240831/rahmon-gushtingiri-varzishi-sunnatii-tojikon-tarikh-panjhazorsola-dorad-1064148358.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064146080_117:0:1254:853_1920x0_80_0_0_2b6c184a9cdd91c9ae63bb5c39a34581.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гуштингирӣ, чемпионати ҷаҳон, душанбе, варзиш
тоҷикистон, гуштингирӣ, чемпионати ҷаҳон, душанбе, варзиш
Нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ дар Душанбе чӣ гуна анҷом ёфт?
Аз 28 то 31 август дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки 29 августи соли равон бо иштироки намояндагони 62 кишвари ҷаҳон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардид.
Дар рӯзи якуми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн- то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазнҳои то 65, 71 ва ҷамъи 95 кг гурӯҳи мардона варзишгарони тоҷик — Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуданд.
Дар вазни то 70 кг байни духтарон варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медали тилло 1 нуқра ва 5 медили биринҷӣ шуданд.
Муллораҷаб Халифаев (65 кг) -
тилло,
Шаҳбоз Саидабуроров (65) -
баринҷӣМасъуди Аҳмадзод (71 кг) -
тиллоМирзоҷамил Рамазонов (71 кг) -
биринҷӣШоҳида Қаландарова (70 кг ) -
нуқраШакармамад Мирмамадов (95 кг) -
тиллоҚоим Шукронов (78 кг) -
биринҷӣМадина Қурбонзода (52 кг) -
биринҷӣҲақназар Назаров (86 кг) -
тиллоКароматулло Ҳакимов (95 кг) -
тиллоУлуғбек Раҳимов (95 кг) -
биринҷӣЁдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим гардид.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро гирифтанд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷонвари нодири Тоҷикистон – бабри барфӣ рамзи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ пазируфта шуд.