https://sputnik.tj/20240830/panj-gumonbaroni-jadid-parvandai-krokus-shahrvandi-tojikiston-1064136908.html
Аз панҷ гумонбарони ҷадид дар парвандаи Крокус чор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд
Аз панҷ гумонбарони ҷадид дар парвандаи Крокус чор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти интизомии Русия исми панҷ муттаҳамони нави парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро, ки ҳамааш зодагони Тоҷикистон ҳастанд ифшо кард
2024-08-30T14:26+0500
2024-08-30T14:26+0500
2024-08-30T14:26+0500
дар тоҷикистон
парванда
крокус сити холл
шаҳрванд
русия
ҳамлаи террористӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/04/1062345499_0:0:1645:925_1920x0_80_0_0_6232bf98d70a5ee6601c1a3649636b6a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Шаҳрвандии муттаҳамони нави парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” маълум шуд. Чаҳор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон ва якеш шаҳрванди Русия аст, ки он ҳам зодаи Тоҷикистон мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба санадҳои додгоҳи Басманий шаҳри Маскав.Бар асоси санадҳои додгоҳ, чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл, ки ҳабси онҳо рӯзи панҷшанбе аз сӯи Додгоҳи Басманий шаҳри Маскав тамдид карда шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафари дигар шаҳрванди Русия мебошанд.Онҳо дар аввал моҳи апрел дар минтақаи Доғистон боздошт шуданд. Сипас тавре пеш хабар дода шуда буд, онхо ба Маскав оварда шуданд.Ахиран додгоҳи Басманий шаҳри Маскав муҳлати ҳабси муттаҳамони нав дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Crocus City Hall” Гадоев Шаҳромҷон Насимович, Исмоилов Зубайдулло Авайдуллоевич, Солиев Мустаким Абдуманонович, Солиев Умедҷон Абдуманович ва Ҳамидов Ҳусейн Абдурасуловичро барои се моҳ тамдид кард.Ин номҳо қаблан зикр нашуда буд, вале маълум аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия боздошт шуданд ва ба “маблағгузорӣ ва таъмини воситаҳои террористӣ ба омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл” гумонбар дониста мешаванд. Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки онҳо ният доштанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба РИА “Новости” хабар додааст, муттаҳамони нави парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар пайгардӣ қарор надоштанд.Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллРӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
https://sputnik.tj/20240829/parvandai-krokus-nomi-panj-muttahami-rasonai-shud-1064122819.html
https://sputnik.tj/20240823/muttaham-hamla-krokus-gunoh-etirof-kard-1064038851.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/04/1062345499_20:0:1460:1080_1920x0_80_0_0_c74950a82ef26f46c6dc67b1fc5082b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ, крокус, парванда, шаҳрванд, зодагон, тоҷик
тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ, крокус, парванда, шаҳрванд, зодагон, тоҷик
Аз панҷ гумонбарони ҷадид дар парвандаи Крокус чор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд
Мақомоти интизомии Русия исми панҷ муттаҳамони нави парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро, ки ҳамааш зодагони Тоҷикистон ҳастанд ифшо кард
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Шаҳрвандии муттаҳамони нави парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” маълум шуд. Чаҳор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон ва якеш шаҳрванди Русия аст, ки он ҳам зодаи Тоҷикистон мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба санадҳои додгоҳи Басманий шаҳри Маскав.
Бар асоси санадҳои додгоҳ, чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл, ки ҳабси онҳо рӯзи панҷшанбе аз сӯи Додгоҳи Басманий шаҳри Маскав тамдид карда шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафари дигар шаҳрванди Русия мебошанд.
Онҳо дар аввал моҳи апрел дар минтақаи Доғистон боздошт шуданд. Сипас тавре пеш хабар дода шуда буд, онхо ба Маскав оварда шуданд.
“Чор нафарашон шаҳрвандони тоҷикистон ҳастанд, як нафар шаҳрванди Русия, аст ки зодаи Тоҷикистон мебошад. Онҳо рӯзҳои 3 ва 4 апрел боздошт шуданд”, - гуфта мешавад дар санад.
Ахиран додгоҳи Басманий шаҳри Маскав муҳлати ҳабси муттаҳамони нав дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Crocus City Hall” Гадоев Шаҳромҷон Насимович, Исмоилов Зубайдулло Авайдуллоевич, Солиев Мустаким Абдуманонович, Солиев Умедҷон Абдуманович ва Ҳамидов Ҳусейн Абдурасуловичро барои се моҳ тамдид кард.
Ин номҳо қаблан зикр нашуда буд, вале маълум аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия боздошт шуданд ва ба “маблағгузорӣ ва таъмини воситаҳои террористӣ ба омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл” гумонбар дониста мешаванд. Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки онҳо ният доштанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба РИА “Новости” хабар додааст, муттаҳамони нави парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар пайгардӣ қарор надоштанд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.