Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи бодӣ месозад?

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВетрогенераторы на закате
Ветрогенераторы на закате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2024
Обуна шудан
Сардори шӯъбаи рушди тиҷорати NovaWind Дмитрий Родионов масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар мавриди бунёди манобеъи таҷдидшавандаи энержӣ дар қаламрави ин кишвар музокира доранд.
Тавре Дмитрий Родионов, сардори шӯъбаи рушди тиҷорати NovaWind ба Sputnik Тоҷикистон қайд кард, натиҷаи ин мулоқот дар ояндаи наздик ба чашм мерасад.
Аммо вай таъкид кард, ки то ҳол дар бораи ин тарҳ тавофуқоти расмӣ вуҷуд надорад.
"Мо ҳоло дар бораи асосҳо сӯҳбат кардем, то ҳол нақшаҳое вуҷуд надоранд, ки дар рӯи коғаз гузошта шаванд" гуфт ӯ.
Қаблан намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки Росатом ба Душанбе лоиҳаи сармоягузории бунёди манобеъи барқароршавандаи энержиро тақдим кардааст.
Муаррифии лоиҳа дар ҷараёни мулоқоти сеҷонибаи онлайн сурат гирифт. Дар он кормандони намояндагии тиҷоратӣ, нерӯи таҷдидшавандаи "Росатом" ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иштирок доштанд.
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2024
Тоҷикистон ният дорад 70% нерӯи барқи тавлидшуда аз НБО “Роғун”-ро ба хориҷ фурӯшад
Зимни гуфтушунид муовини сардори Вазорати энергетика Манучеҳр Сафарзода қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли нерӯи барқ ​​имкониятҳои бузург дорад.
"Сохтмони иншооти энергетикии шамол ба диверсификатсияи сандуқи энергетикии миллӣ мусоидат намуда, салоҳиятҳои нави маҳаллӣ эҷод мекунад", - таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0