https://sputnik.tj/20240827/rahmon-arafa-sol-nav-khonish-maktab-1064089907.html
Раҳмон дар арафаи соли нави хониш чанд мактаби ҷадидро ба истифода дод
Раҳмон дар арафаи соли нави хониш чанд мактаби ҷадидро ба истифода дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар се ноҳияи Душанбе бо ҳузури роҳбари давлат ва раиси пойтахт мактабҳои нав мавриди истифода қарор гирифтанд
2024-08-27T15:41+0500
2024-08-27T15:41+0500
2024-08-27T15:41+0500
дар тоҷикистон
душанбе
мактаб
маориф
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064085038_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_5bbd9cab7baac09baaa6a87f51849b60.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат субҳи рӯзи сешанберо бо ифтитоҳи мактабҳои нав оғоз кард.Бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлат, мактабҳои нав дар ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо ҳузури президент ва раиси шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Ховарон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 ба истифода дода шуд.Муассисаи мазкур аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.Манбаъ афзуд, ки дар ин маҳаллаи навбунд норасоии муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.Президент аснои шиносоӣ бо шароити мактаб ва сифати сохтмони бино дастур ҳдод, ки дар тамоми муассисаҳои пойтахт ба дарс омадану рафтани хонандагон тариқи воситаҳои электронӣ зери назорат гирифта шавад.Ҳамчунин, барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ низ мактаби ҷадид: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14 ба истифода дода шуд, ки дар ду баст имкони ҷо додани 2 400 хонандаро дорад.Айнан чунин мактаби наву замонавиро президент дар ноҳияи Сино барои 2600 хонанда дар ду баст ифтитоҳ кард.Дар ин ноҳия ҳамчунин "Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим" кушода шуд.Дар ин мактаб 30 нафар устодони моҳир имкон доранд ба 500 хонанда дар як баст дарс гӯянд.Сарвари давлат ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр, новобаста аз он ки ба рӯзи якшанбе рост меояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20240815/sentyabr-maktab-oghozi-soli-khonish-darsi-sulh-ruzi-yakshanbe-1063947109.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064085038_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_dd1707393b7eb31dcb68df3082023cd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе раҳмон мактаб
Раҳмон дар арафаи соли нави хониш чанд мактаби ҷадидро ба истифода дод
Дар се ноҳияи Душанбе бо ҳузури роҳбари давлат ва раиси пойтахт мактабҳои нав мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат субҳи рӯзи сешанберо бо ифтитоҳи мактабҳои нав оғоз кард.
Бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлат, мактабҳои нав дар ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, бо ҳузури президент ва раиси шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Ховарон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 ба истифода дода шуд.
Муассисаи мазкур аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар ин маҳаллаи навбунд норасоии муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Президент аснои шиносоӣ бо шароити мактаб ва сифати сохтмони бино дастур ҳдод, ки дар тамоми муассисаҳои пойтахт ба дарс омадану рафтани хонандагон тариқи воситаҳои электронӣ зери назорат гирифта шавад.
Ҳамчунин, барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ низ мактаби ҷадид: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14 ба истифода дода шуд, ки дар ду баст имкони ҷо додани 2 400 хонандаро дорад.
Айнан чунин мактаби наву замонавиро президент дар ноҳияи Сино барои 2600 хонанда дар ду баст ифтитоҳ кард.
Дар ин ноҳия ҳамчунин "Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим" кушода шуд.
Дар ин мактаб 30 нафар устодони моҳир имкон доранд ба 500 хонанда дар як баст дарс гӯянд.
Сарвари давлат ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр, новобаста аз он ки ба рӯзи якшанбе рост меояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эълон шудааст.