Дар Русия махзани ягонаи муҳоҷирон пурра карда мешавад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПроверка документов воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ
Проверка документов  воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2024
Обуна шудан
Дар феҳрист маълумот дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия то 90 рӯз дар давоми 6 моҳ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар Русия базаи ягонаи шаҳрвандони хориҷиро пурра карданианд.
Мақомот ният доранд, ки рӯйхати маълумотро дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Феҳристи федеролии аҳолӣ мавҷуданд, - манбаи ягонаи маълумот дар бораи ҳамаи сокинони Федератсияи Русия васеъ кунанд.
Шартнома барои корҳои дахлдор дар портали харидҳои давлатӣ аз ҷониби Хадамоти федералии андоз ҷойгир карда шудааст, менависад РБК.
Тибқи қарори мақомот, маълумот дар бораи иқомати хориҷиён дар давоми 6 моҳ то 90 рӯз дар Русия ба феҳрист ворид карда мешавад.
Нелегальные мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2024
Шумори муҳоҷирони ихроҷшуда дар Русия афзоиш ёфт: сабаб
Ташаббус ба дастури нахуствазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар паи натоиҷи иҷлосияи стратегии “Сиёсати муҳоҷират” марбут аст. Арзиши шартнома цариб 71 млн рубл ташкил медихад.
Дар айни замон дар он танҳо маълумот дар бораи муҳоҷироне, ки дар кишвар муддати тӯлонӣ мемонанд, ыо дода мешавад.
Дар ин рӯйхат маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба муддати то 90 рӯз ба Русия сафари сайёҳӣ, тиҷоратӣ ё меҳмонӣ мекунанд, мавҷуд нест.
Лентаи хабарҳо
0