Шумори муҳоҷирони ихроҷшуда дар Русия афзоиш ёфт: сабаб

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНелегальные мигранты
Нелегальные мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2024
Обуна шудан
Корҳое, ки мақомоти интизомии Русия анҷом додааст, ба коҳиш додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ, мусоидат кардааст
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Теъдоди қонуншикании муҳоҷирони ихроҷшуда дар Русия дар ҳафт моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта 55,2% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
"Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,2% бештар қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ қабул шудааст”, - навиштааст Ирина Волк дар Telegram канали худ.
Дар ҳамин ҳол, аз аввали сол мақомоти интизомӣ ба беш аз 143 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки талаботи қонунҳои Русияро риоя накардаанд, иҷозаи вуруд ба кишвар надодааст. Ин нишондиҳанда ба 53,1 хазор нафар афзоиш ёфт.
Ба гуфтаи намояндаи ВКД, амалҳои анҷомдодаи пулиси Русия ба коҳиши 44,2% додани иҷозаи иқомати муваққатӣ ва 18,4% додани иҷозаи иқомат ба хориҷиён мусоидат кардааст.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2024
Володин гуфт кадом қонунҳо дар бораи муҳоҷират ба парлумони Русия ворид шудааст
Ҳамчунин, дар ин давра теъдоди ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,8 баробар афзоиш ёфтааст.
Ирина Волк хабар дод, ки шумораи огоҳиномаҳо дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ бо муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрванд, ки дар асоси патент ё иҷозатномаи кор мекунанд, мутаносибан 60% ва 32,6% афзоиш ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳоло дар Думаи давлатии Русия 28 лоиҳаи қонун дар бораи тағйири сиёсати муҳоҷират баррасӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0