https://sputnik.tj/20240826/furudgoh-vazorat-difoi-tojikiston-1064068005.html
Ду фурудгоҳи дигар ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон супурда шуд
Ду фурудгоҳи дигар ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон супурда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як сол пеш низ бо қарори ҳукумат 18 фурдгоҳ аз моликияти коммуналии шаҳру навоҳӣ ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон гузаштанд
2024-08-26T12:54+0500
2024-08-26T12:54+0500
2024-08-26T14:42+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
нақлиёт
фурудгоҳ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064067392_0:130:3072:1858_1920x0_80_0_0_fcbca76a40613e088eb8a0deb4c35f35.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон ду фурудгоҳи дигарро қабул кард. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд. Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст. Аз ҷумла, фурудгоҳҳои навоҳии Мӯъминобод ва Ҷалолиддини Балхӣ, ки қаблан дар тавозуни мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд, таҳти назорати Вазорати дифоъ қарор гирифтанд. Ҳоло ин ду фурудгоҳро барқарор кардан лозим аст.Ҳоло вазорат дар ихтиёри худ 21 бандари ҳавоӣ дорад.Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта ҳукумати кишвар як қароре қабул карда буд, ки бар асоси он 18 фурудгоҳ аз моликияти коммуналии шаҳру навоҳӣ ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон гузаштанд. Тибқи ҳуҷҷатҳо, барқарорсозии тамоми иншоот бо ҳисоби маблағе, ки аз хидмати пулакии ҳарбӣ ҷамъоварӣ мешавад, пешбинӣ шудааст. Ҳоло арзиши он 72 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230926/furudgoh-mahalli-tojikiston-ikhtiyori-vazorati-difo-1059589380.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064067392_195:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_079dfecf77fe01fd857cadb37ad541c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон вазорати дифоъ
тоҷикистон вазорати дифоъ
Ду фурудгоҳи дигар ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон супурда шуд
12:54 26.08.2024 (Навсозишуда: 14:42 26.08.2024) Як сол пеш низ бо қарори ҳукумат 18 фурудгоҳ аз моликияти коммуналии шаҳру навоҳӣ ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон гузаштанд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон ду фурудгоҳи дигарро қабул кард. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд.
Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
Аз ҷумла, фурудгоҳҳои навоҳии Мӯъминобод ва Ҷалолиддини Балхӣ, ки қаблан дар тавозуни мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд, таҳти назорати Вазорати дифоъ қарор гирифтанд.
Ҳоло ин ду фурудгоҳро барқарор кардан лозим аст.
"Вазорати дифои Тоҷикистон бояд аз ҳисоби маблағҳои барои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбарӣ пешбинишуда барқарор ва ба омодагии доимии фурудгоҳҳоро таъмин намояд", - гуфта мешавад дар қарор.
Ҳоло вазорат дар ихтиёри худ 21 бандари ҳавоӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта ҳукумати кишвар як қароре қабул карда буд, ки бар асоси он 18 фурудгоҳ аз моликияти коммуналии шаҳру навоҳӣ ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон гузаштанд.
Тибқи ҳуҷҷатҳо, барқарорсозии тамоми иншоот бо ҳисоби маблағе, ки аз хидмати пулакии ҳарбӣ ҷамъоварӣ мешавад, пешбинӣ шудааст.
Ҳоло арзиши он 72 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.