https://sputnik.tj/20230926/furudgoh-mahalli-tojikiston-ikhtiyori-vazorati-difo-1059589380.html
Фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати дифоъ супурда шуд
Фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати дифоъ супурда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси қарори имзокардаи ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати дифоъ масъул шудааст, ки фурудгоҳҳоро таъмир ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ дорад.
2023-09-26T09:43+0500
2023-09-26T09:43+0500
2023-09-26T13:14+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
фурудгоҳ
ҳукумати тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031748030_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_f47c74ca122087c1ba50ef3c5ded9674.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон фурудгоҳҳои маҳаллӣ аз моликияти шаҳру ноҳияҳо ва ширкатҳои маҳаллӣ ба тавозуни Вазорати дифои ҷумҳурӣ гузаштанд.Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи интиқол қарори дахлдор қабул кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар ин бора дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.Тибқи ин қарор, дар маҷмӯъ Вазорати дифои Тоҷикистон 21 фурудгоҳи маҳаллиро ба тавозуни худ қабул мекунад. Сухан дар бораи 6 майдони ҳавоӣ дар вилояти Хатлон, 4 пойгоҳи ҳавоӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6 дар вилояти Суғд ва 5 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад.Дар санад гуфта мешавад, ки Вазорати дифои Тоҷикистон бояд фурудгоҳҳоро барқарор ва омодагии доимии онҳоро таъмин намояд. Қобили зикр аст, ки феълан парвозҳо танҳо аз чаҳор фурудгоҳи байналмилалии ҷумҳурӣ - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегиранд.
https://sputnik.tj/20230728/daromad-furudgoh-baynalmilal-dushanbe-1058505774.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031748030_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_887104f2b7c9f52efbeb5192ed206bae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурудгоҳҳо маҳаллӣ тоҷикистон вазорати дифоъ
фурудгоҳҳо маҳаллӣ тоҷикистон вазорати дифоъ
Фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати дифоъ супурда шуд
09:43 26.09.2023 (Навсозишуда: 13:14 26.09.2023) Бар асоси қарори имзокардаи ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати дифоъ масъул шудааст, ки фурудгоҳҳоро таъмир ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ дорад.
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон фурудгоҳҳои маҳаллӣ аз моликияти шаҳру ноҳияҳо ва ширкатҳои маҳаллӣ ба тавозуни Вазорати дифои ҷумҳурӣ гузаштанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи интиқол қарори дахлдор қабул кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар ин бора дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.
Тибқи ин қарор, дар маҷмӯъ Вазорати дифои Тоҷикистон 21 фурудгоҳи маҳаллиро ба тавозуни худ қабул мекунад.
Сухан дар бораи 6 майдони ҳавоӣ дар вилояти Хатлон, 4 пойгоҳи ҳавоӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6 дар вилояти Суғд ва 5 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад.
Дар санад гуфта мешавад, ки Вазорати дифои Тоҷикистон бояд фурудгоҳҳоро барқарор ва омодагии доимии онҳоро таъмин намояд.
Қобили зикр аст, ки феълан парвозҳо танҳо аз чаҳор фурудгоҳи байналмилалии ҷумҳурӣ - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегиранд.