https://sputnik.tj/20240826/besh-az-40-hazor-tojikistoni-dar-khoriji-kishvar-tahsil-dorand-1064071815.html
Беш аз 40 ҳазор тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд
Беш аз 40 ҳазор тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз баргузории анҷуман, пеш аз ҳама, муаррифии имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
2024-08-26T14:50+0500
2024-08-26T14:50+0500
2024-08-26T14:50+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишҷӯ
таҳсил дар хориҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092129_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_bac50dc2e061523451e18eb0f5bbf057.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 40 000 ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаааст.Дар ин бора зимни Анҷумани ҷавонони таҳсилкунанда дар хориҷи кишвар иттилоъ дода шуд. Анҷумани мазкур моҳи марти соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфт ва ҳамасола баргузор мегардад.Ҳадаф аз баргузории анҷуман, пеш аз ҳама, муаррифии имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.Ба "Маҳфили ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта" феълан 1500 ҷавони фаъоле, ки дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар 25 намояндагӣ дар Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, аъзо мебошанд.Ба таъкиди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолияти ин маҳфил ба таҳсили ҷавонон дар хориҷа, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо, роҳҳои осон намудани дохилшавӣ ба мактабҳои олии берун аз ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона шудааст.Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз ҷониби маҳфил ҳар сол садҳо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию адабӣ ва оммавию варзишӣ барои муаррифии Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.Маврид ба зикр аст, ки кишвари аслии қабулкунандаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ Русия мебошад.
https://sputnik.tj/20240721/donishjuyon-tojik-donishgoh-tobistona-qazon-omuzish-1063606068.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092129_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_665fa9b9798220067b8a46da586c6e92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон донишҷӯ таҳсил маориф
тоҷикистон донишҷӯ таҳсил маориф
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 40 000 ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаааст.
Дар ин бора зимни Анҷумани ҷавонони таҳсилкунанда дар хориҷи кишвар иттилоъ дода шуд.
Анҷумани мазкур моҳи марти соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфт ва ҳамасола баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории анҷуман, пеш аз ҳама, муаррифии имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Ба "Маҳфили ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта" феълан 1500 ҷавони фаъоле, ки дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар 25 намояндагӣ дар Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, аъзо мебошанд.
Ба таъкиди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолияти ин маҳфил ба таҳсили ҷавонон дар хориҷа, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо, роҳҳои осон намудани дохилшавӣ ба мактабҳои олии берун аз ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона шудааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз ҷониби маҳфил ҳар сол садҳо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию адабӣ ва оммавию варзишӣ барои муаррифии Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки кишвари аслии қабулкунандаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ Русия мебошад.