https://sputnik.tj/20240721/donishjuyon-tojik-donishgoh-tobistona-qazon-omuzish-1063606068.html
Донишҷӯёни тоҷик дар "Донишгоҳи тобистона"-и Қазон давраи омӯзиш мегузаранд
Донишҷӯёни тоҷик дар "Донишгоҳи тобистона"-и Қазон давраи омӯзиш мегузаранд
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи Донишгоҳи федералии Қазон (Волга) ба чаҳор ришта тақсим шудааст: илмҳои табиӣ, муҳандисӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ 21.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-21T11:52+0500
2024-07-21T11:52+0500
2024-07-21T11:52+0500
дар тоҷикистон
дар русия
қазон
омӯзиш
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/15/1063605076_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_41b7ef5a6898768460fdad7b71550d41.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсили иловагӣ ба Қазон рафтанд. Қарор аст, ки онҳо курси "Донишгоҳи тобистона"-ро аз худ кунанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Россотрудничество хабар додааст. Лоиҳаи чоруми байналмилалии таълимии "Донишгоҳи тобистона" имрӯзҳо дар се донишгоҳи пешбари Русия, аз ҷумла Донишгоҳи федералии Қазон (Волга) баргузор мешавад. Дар миёни ширкаткунандагони пойтахти Тотористон 23 ҷавони тоҷик аз Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар маҷмӯъ, дар ин чорабинӣ 1200 донишҷӯ аз 22 кишвар ширкат мекунанд. Барнома ба чаҳор ришта тақсим шудааст: илмҳои табиӣ, муҳандисӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ. Ҷавонони хориҷӣ дар семинарҳои интерактивӣ, тренингҳо ва тавлиди ғояҳои лоиҳа иштирок мекунанд. Донишҷӯи ДСРТ Фариза Ҷамирова ва тими ӯ лоиҳаро дар мавзӯи БРИКС дифоъ намуда, дар озмуни ғояҳо мақоми аввалро касб карданд. Вай эҳсосоти худро бо хонаи русҳо дар Душанбе нақл кард. "Ҳамчун мутахассиси ояндаи муносибатҳои байналмилалӣ барои ман хеле муҳим буд, ки ба ин муҳити гуногунфарҳангӣ ворид шавам. Мо ва дигарон аз кишварҳои гуногун манфиатҳо ва мавзӯъҳои муштарак пайдо кардам, ки хеле боиси рушд мешавад",- гуфт номбурда. Ба гуфтаи тарроҳи оянда Фаёзбек Ғафаров, Қазон шаҳри бароҳати сермиллат бо меъмории нотакрор аст.Ҳукумати Русия созишнома дар бораи бунёди як маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Қарорро аллакай нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
https://sputnik.tj/20240716/donishjuyon-tojik-farhang-qazon-muarrifi-1063554143.html
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/15/1063605076_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_8c44a7953503a422e9f93b6a101952d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, қазон, омӯзиш, маориф
дар тоҷикистон, дар русия, қазон, омӯзиш, маориф
Донишҷӯёни тоҷик дар "Донишгоҳи тобистона"-и Қазон давраи омӯзиш мегузаранд
Барномаи Донишгоҳи федералии Қазон (Волга) ба чаҳор ришта тақсим шудааст: илмҳои табиӣ, муҳандисӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсили иловагӣ ба Қазон рафтанд. Қарор аст, ки онҳо курси "Донишгоҳи тобистона"-ро аз худ кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Россотрудничество хабар додааст.
Лоиҳаи чоруми байналмилалии таълимии "Донишгоҳи тобистона" имрӯзҳо дар се донишгоҳи пешбари Русия, аз ҷумла Донишгоҳи федералии Қазон (Волга) баргузор мешавад.
Дар миёни ширкаткунандагони пойтахти Тотористон 23 ҷавони тоҷик аз Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин чорабинӣ 1200 донишҷӯ аз 22 кишвар ширкат мекунанд.
Барнома ба чаҳор ришта тақсим шудааст: илмҳои табиӣ, муҳандисӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ.
Ҷавонони хориҷӣ дар семинарҳои интерактивӣ, тренингҳо ва тавлиди ғояҳои лоиҳа иштирок мекунанд.
Донишҷӯи ДСРТ Фариза Ҷамирова ва тими ӯ лоиҳаро дар мавзӯи БРИКС дифоъ намуда, дар озмуни ғояҳо мақоми аввалро касб карданд. Вай эҳсосоти худро бо хонаи русҳо дар Душанбе нақл кард.
"Ҳамчун мутахассиси ояндаи муносибатҳои байналмилалӣ барои ман хеле муҳим буд, ки ба ин муҳити гуногунфарҳангӣ ворид шавам. Мо ва дигарон аз кишварҳои гуногун манфиатҳо ва мавзӯъҳои муштарак пайдо кардам, ки хеле боиси рушд мешавад",- гуфт номбурда.
Ба гуфтаи тарроҳи оянда Фаёзбек Ғафаров, Қазон шаҳри бароҳати сермиллат бо меъмории нотакрор аст.
Ҳукумати Русия созишнома дар бораи бунёди як маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Қарорро аллакай нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.