Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад

© SputnikЦветущие тюльпаны в Душанбе.
Цветущие тюльпаны в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2024
Обуна шудан
Рӯзҳои 25-27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (Dushanbe International Tourism Exhibition -2024) баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Қарор дар бораи баргузории нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе раиси пойтахти Тоҷикистон ба имзо расонидааст.
Дар доираи намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишвар мебошад.
Ҳамчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ яке аз мақсадҳои ин чорабинӣ мебошанд.
Смотровая площадка в ущелье Шахристан в Таджикистане, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
“Хуш омадед!” – афзоиши сайёҳу даромадҳои сайёҳӣ
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд.
Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0