Боздошти муассиси Telegram Павел Дуров дар Фаронса: ӯ ба чӣ айбдор мешавад?

© AP / Tatan SyuflanaПавел Дуров. Архивное фото
Павел Дуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2024
Обуна шудан
Ба иттилои расонаҳо дар ҳоле, ки Дуров аз ҳамкорӣ бо мақомоти интизомии Фаронса даст кашидааст нисбати ӯ ордери ҳабс дода шудаст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Кормандони жандармерияи (пулис) Фаронса шоми шанбеи 25 август соҳибкор Павел Дуровро боздошт карданд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии ТФ-1 хабар додааст.
Ӯро пулиси Фаронса дар фурудгоҳи канори Порис Ле Бурже боздошт кардааст. Дуров аз Озарбойҷон вориди ин кишвар шудааст.
Ҳангоми боздошт ӯро як муҳофиз ва як зан ҳамроҳӣ мекарданд.
Шабакаи телевизионии TF-1 иддао дорад, ки ин ордер барои он содир шудааст, ки Дуров бо нерӯҳои амниятии Фаронса ҳамкорӣ накардааст.
Шикояти асосии мақомоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Telegram паёмҳои шифршуда аст.
Павел Дуров, ки ҳамчун шаҳрванди Фаронса аст, метавонад то 20 сол равонаи зиндон шавад.
Кормандони интизомии Фаронса агар Дуров ҳамкорӣ накунад, ӯ ба қочоқи маводи мухаддир, қаллобӣ ва ҷиноят алайҳи кӯдакон айбдор карда мешавад. Илова бар ин, ӯ метавонад ба терроризм муттаҳам шавад.
Джулиан Ассанж и его адвокат Барри Поллак покидают здание Федерального суда США 26 июня 2024 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2024
Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори WikiLeaks аз зиндони Бритониё озод шуд
Боздошти муассиси Telegram Павел Дуров дар Фаронса ҳушдор барои ҳама соҳибони платформаҳои онлайнӣ аст, ки намехоҳанд ҳақиқатро хомӯш кунанд, гуфт рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон.
"Павел Дуров имшаб дар зиндони Фаронса сипарӣ хоҳад кард, ин як огоҳии зинда барои ҳамаи соҳибони платформа аст, ки намехоҳанд ҳақиқатро сензура кунанд... Дар дунёи озоди собиқ зулм зуд фаро расидааст", - навиштааст рӯзноманигор дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ X.
Боздошти муассиси Telegram Павел Дуров дар Фаронса дар ниҳоят бояд чашмони онҳоеро, ки ба аломатҳои зебои Ғарб бовар доранд, боз кунад, мегӯяд Алексей Мелников, узви Шӯрои ҳуқуқи башари Русия.
Ба навиштаи расонаҳои фаронсавӣ, Дуров, ки шаҳрвандии Фаронсаро дорад вадар рӯйхати афроде буд, ки Фаронса мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо навиштаанд, ки ӯро ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз фуруд ба Порис дар феҳристи ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд ва фармони боздошт содир шуд.
Лентаи хабарҳо
0