https://sputnik.tj/20240625/julian-assanj-bunyodguzori-wikileaks-az-zindoni-britoniyo-ozod-shud-1063332988.html
Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори WikiLeaks аз зиндони Бритониё озод шуд
Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори WikiLeaks аз зиндони Бритониё озод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори сомонаи WikiLeaks, пас аз дастёбӣ ба тавофуқе ки ба мубориза алайҳи истирдод ба Амрико поён медиҳад, аз зиндони Британиа озод шуд
2024-06-25T13:11+0500
2024-06-25T13:11+0500
2024-06-26T11:37+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷулиан ассанҷ
озод
бритониё
зиндон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063349990_0:102:3072:1830_1920x0_80_0_0_d31bd129e911c23a353d2acc10583b1d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ҷулиан Ассанҷ бунёдгузори вебсайти ифшогари WikiLeaks акнун ба ватани худ Австралия боз мегардад.Интизор намеравад, ки оқои Ассанҷ муҷаддадан зиндонӣ шавад. Амрико оқои Ассанҷро муттаҳам ба ифшои асрори ҳассос дар мавриди ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон кардааст.Баъд аз солҳои чолиши ҳуқуқӣ, WikiLeaks мегуяд, ки Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори ин созмон, пас аз тавофуқ бо Амрико, Бритониёро тарк карда то дар додгоҳе дар як ҷазира дар уқёнуси ором иттиҳоми худро бипазирад, аммо бидуни муҷозоти бештар ба Австралия бозгардад.Бар асоси яке аз асноди ироашуда ба вазорати додгустарии Амрико, оқои Ассанҷ пас аз расидагӣ ба парвандааш дар ин ҷазира ба зодгоҳаши Австралия бозмегардад.Оқои Ассанҷ ки 52 сол дорад бо иттиҳоми дасиса барои дастёбӣ ба иттилооти дифоӣ ва амниятии Амрико ва ифшои онҳо мувоҷеҳ буд.Чандин сол аст, ки мақомҳои қазои Амрико оқои Ассанҷро муттаҳам мекунанд, ки бо интишори парвандаи WikiLeaks, ки иттилоотии марбут ба ҷанги Ироқу Афғонистонро фош кард, ҷони афродеро ба хатар андохта аст ва дар пай он буданд ки ӯро барои муҳокима ба Амрико биоваранд.Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ Ассанҷ дар Амрико боздошт нахоҳад шуд ва муддате, ки дар зиндони Бритониё гузарондашуда барои ӯ маҳсуб хоҳад шуд.Оқои Ассанҷ даст кам панҷ солро дар зиндони Бритониё ҳабс буда ва аз ҳамон ҷо барои муқобила бо истирдод ба Амрико даъвои ҳуқуқии худро пеш барда буд.Ӯ пеш аз он ҳафт солро ҳам дар сифорати Эквадор дар Лондон сипарӣ кард то ба Амрико мустарад нашавад.Созмони WikiLeaks дар шабакаи Х навиштааст, ки оқои Ассанҷ рӯзи сешанбеи зиндони Балморшро баъд аз 1901 рӯзи ҳабс тарк кардааст. Ӯ аз тариқи фурудгоҳи Стенстед Бритониёро ба мақсади Австралия тарк кардааст.Тасовири видиоие, ки тавассути WikiLeaks мунташир шуд, нишон медиҳад, ки оқои Ассанҷ бо як мошин ба фурудгоҳ меояд ва дохили ҳавопаймо мешавад.Стелла ҳамсари оқои Ассанҷ, дар шабакаи иҷтимои Х аз ҳомиён ӯ "ки солҳо барои таҳаққуқи ин лаҳза талош кардаанд" ташаккур кардааст.
https://sputnik.tj/20210104/Dodgohi-London-istirdodi-Assanj-ba-IMA-ro-rad-kard-1032577243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063349990_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_9fc2e9b68d8380ab3d7b7db6ffa4756c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҷулиан ассанҷ, озод, зиндон, бритониё, сиёсат, мубориз
дар ҷаҳон, ҷулиан ассанҷ, озод, зиндон, бритониё, сиёсат, мубориз
Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори WikiLeaks аз зиндони Бритониё озод шуд
13:11 25.06.2024 (Навсозишуда: 11:37 26.06.2024) Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори сомонаи WikiLeaks, пас аз дастёбӣ ба тавофуқе, ки ба мубориза алайҳи истирдод ба Амрико поён медиҳад, аз зиндони Британия озод шуд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ҷулиан Ассанҷ бунёдгузори вебсайти ифшогари WikiLeaks акнун ба ватани худ Австралия боз мегардад.
Интизор намеравад, ки оқои Ассанҷ муҷаддадан зиндонӣ шавад. Амрико оқои Ассанҷро муттаҳам ба ифшои асрори ҳассос дар мавриди ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон кардааст.
Баъд аз солҳои чолиши ҳуқуқӣ, WikiLeaks мегуяд, ки Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори ин созмон, пас аз тавофуқ бо Амрико, Бритониёро тарк карда то дар додгоҳе дар як ҷазира дар уқёнуси ором иттиҳоми худро бипазирад, аммо бидуни муҷозоти бештар ба Австралия бозгардад.
Бар асоси яке аз асноди ироашуда ба вазорати додгустарии Амрико, оқои Ассанҷ пас аз расидагӣ ба парвандааш дар ин ҷазира ба зодгоҳаши Австралия бозмегардад.
Оқои Ассанҷ ки 52 сол дорад бо иттиҳоми дасиса барои дастёбӣ ба иттилооти дифоӣ ва амниятии Амрико ва ифшои онҳо мувоҷеҳ буд.
Чандин сол аст, ки мақомҳои қазои Амрико оқои Ассанҷро муттаҳам мекунанд, ки бо интишори парвандаи WikiLeaks, ки иттилоотии марбут ба ҷанги Ироқу Афғонистонро фош кард, ҷони афродеро ба хатар андохта аст ва дар пай он буданд ки ӯро барои муҳокима ба Амрико биоваранд.
Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ Ассанҷ дар Амрико боздошт нахоҳад шуд ва муддате, ки дар зиндони Бритониё гузарондашуда барои ӯ маҳсуб хоҳад шуд.
Оқои Ассанҷ даст кам панҷ солро дар зиндони Бритониё ҳабс буда ва аз ҳамон ҷо барои муқобила бо истирдод ба Амрико даъвои ҳуқуқии худро пеш барда буд.
Ӯ пеш аз он ҳафт солро ҳам дар сифорати Эквадор дар Лондон сипарӣ кард то ба Амрико мустарад нашавад.
Созмони WikiLeaks дар шабакаи Х навиштааст, ки оқои Ассанҷ рӯзи сешанбеи зиндони Балморшро баъд аз 1901 рӯзи ҳабс тарк кардааст. Ӯ аз тариқи фурудгоҳи Стенстед Бритониёро ба мақсади Австралия тарк кардааст.
Тасовири видиоие, ки тавассути WikiLeaks мунташир шуд, нишон медиҳад, ки оқои Ассанҷ бо як мошин ба фурудгоҳ меояд ва дохили ҳавопаймо мешавад.
Стелла ҳамсари оқои Ассанҷ, дар шабакаи иҷтимои Х аз ҳомиён ӯ "ки солҳо барои таҳаққуқи ин лаҳза талош кардаанд" ташаккур кардааст.