Ҷойи сеюми мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2024

© Foto / Пресс-служба ФФТЮношеская сборная Таджикистана (U-17)
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2024
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Чемпионати CAFA-2024 соҳиби ҷойи сеюм гардид
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар риштаи футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар бозӣ барои ҷойи сеюми мусобиқоти чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими Эронро шикаст дода, медалҳои биринҷии ин мусобиқаро ба даст овард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналти натиҷаи футболбозони дастаи Тоҷикистон дақиқтар буд – 4:2.
Ба ин тартиб, дар финали мусобиқаи CAFA-2024 рӯзи 24-уми август тимҳои наврасони Афғонистон ва Ӯзбекистон рақобат мекунанд.
Дастаҳои Тоҷикистону Эрон рӯзи 23 август дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд.
Ҷашнвораи футбол дар Душанбе ба  таври густурда таҷлил гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Аз футбол зери мизу болои он то ҷаҳиши Роналду: Ҷашнвораи варзишӣ дар Душанбе - видео
Дар рақобати тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6 мунтахабҳои Қирғизистон ва Туркманистон вомехӯранд.
Дар чемпионати CAFA-2024, ки аз 17 то 24 август дар Душанбе баргузор мешавад, шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0