Дастури вазир барои таъмини барқу гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон

© Foto / Вазорати энергетика ва захираҳои оби ТоҷикистонҶаласа дар вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон
Ҷаласа дар вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2024
Обуна шудан
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба масъулин барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дастур дод
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо иштироки роҳбарону намояндагони соҳаи энергетикаи кишвар дар "Маркази барқу гармидиҳии-2"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар кори он рафти иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз масъулиони ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, марказҳои барқу гармидиҳии – 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Далер Джума, Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Вазири энергетика сабаби "лимит"-и барқ дар Тоҷикистонро гуфт
Вазир ба масъулин дастур додааст, ки истеҳсол ва интиқоли энергияи барқу гармӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 мувофиқи нақшаи таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0