https://sputnik.tj/20240201/vazir-energetika-sabab-limit-barq-tojikiston-guft-1061515808.html
Вазири энергетика сабаби "лимит"-и барқ дар Тоҷикистонро гуфт
Вазири энергетика сабаби "лимит"-и барқ дар Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Тирамоҳи гузашта ва моҳҳои ахири зимистон, нисбат ба соли 2022 қариб 95% камбориш буд, ки ба сатҳи дарёи Вахш, ки аксар нерӯгоҳҳо дар он аст, таъсир расонидаст
2024-02-01T17:46+0500
2024-02-01T17:46+0500
2024-02-01T19:47+0500
дар тоҷикистон
барқ
вазорати энергетика ва захираҳои об
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/01/1061512888_78:76:1245:732_1920x0_80_0_0_c6963123d203470e724b347306bb55b0.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум эълом кард.Далер Ҷумъа рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе Яке аз омилҳои маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон "суръати рушди иқтисод" будааст.Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотияш ба рӯзноманигорон изҳор дошт.Ба гуфти вазир, афзоиши аҳолӣ низ талабот дар ҷумҳурӣ ба неруи барқро афзун кардааст.Аммо дар айни ҳол ба таъкиди вай, камии об низ боиси дар сатҳи боло истеҳсол нашудани нерӯро ба миён меорад.Ӯ тирамоҳи гузашта ва моҳҳои ахири зимистонро мисол овард, ки нисбат ба соли 2022 қариб 95% камбориш буд, ки ба сатҳи дарёи Вахш, ки аксар нерӯгоҳҳо дар он аст, таъсир расонид.Тибқи додаҳои вазорат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 21, млрду 861,3 млн. кВт. расидааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178, 8 млн. кВс ва нисбат ба соли 2022 -юм 462,3 млн. кВс. ё 22% зиёд будааст.Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория расидааст, ки нисбат ба дурнамои солона 285, 7 ҳазор Гкал ё 23, 2% кам будааст.
https://sputnik.tj/20240201/tojikiston-khorij-barq-sodir-1061503385.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/01/1061512888_187:35:1169:772_1920x0_80_0_0_d9ea452057153f64baef3615e09edd7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир энергетика сабаб "лимит" барқ тоҷикистон
вазир энергетика сабаб "лимит" барқ тоҷикистон
Вазири энергетика сабаби "лимит"-и барқ дар Тоҷикистонро гуфт
17:46 01.02.2024 (Навсозишуда: 19:47 01.02.2024) Тирамоҳи гузашта ва моҳҳои ахири зимистон, нисбат ба соли 2022 қариб 95% камбориш буд, ки ба сатҳи дарёи Вахш, ки аксар нерӯгоҳҳо дар он аст, таъсир расонидаст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум эълом кард.
Далер Ҷумъа рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе
Яке аз омилҳои маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон "суръати рушди иқтисод" будааст.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотияш ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
Ба гуфти вазир, афзоиши аҳолӣ низ талабот дар ҷумҳурӣ ба неруи барқро афзун кардааст.
Аммо дар айни ҳол ба таъкиди вай, камии об низ боиси дар сатҳи боло истеҳсол нашудани нерӯро ба миён меорад.
Ӯ тирамоҳи гузашта ва моҳҳои ахири зимистонро мисол овард, ки нисбат ба соли 2022 қариб 95% камбориш буд, ки ба сатҳи дарёи Вахш, ки аксар нерӯгоҳҳо дар он аст, таъсир расонид.
Тибқи додаҳои вазорат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 21, млрду 861,3 млн. кВт. расидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178, 8 млн. кВс ва нисбат ба соли 2022 -юм 462,3 млн. кВс. ё 22% зиёд будааст.
Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория расидааст, ки нисбат ба дурнамои солона 285, 7 ҳазор Гкал ё 23, 2% кам будааст.