Даъвати Раҳмон аз Кувайт барои сармоягузории бештар ба бахши энержии Тоҷикистон

© Foto / Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ҷалби сармояи кувайтӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро зарур донист
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар дидору гуфтугӯ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи мазкур баррасӣ гардид.
“Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд ва Кувайтро шарики муҳимми худ медонад” — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин дар ин дидор ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи мазкур дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқӣ ва обёрӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Шестая консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2024
Нигаронии Раҳмон аз обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои таъмини аҳолии кишвар ва минтақа бо “неруи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
“Дар ин робита ҷалби сармояи кувайтӣ ба соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ба хусус гидроэнергетика ва таҳкими зербинои энергетикаи барқӣ зарур мебошад”, - қайд кардааст раҳбари кишвар.
Дар ин мулоқот афзун намудани маблағгузории хазина барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт мувофиқи мақсад номида шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки вобаста ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0