https://sputnik.tj/20240817/nigaronii-rahmon-obshavii-piryakhho-kohishi-zakhirahoi-ob-1063986056.html
Нигаронии Раҳмон аз обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об
Нигаронии Раҳмон аз обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст
2024-08-17T16:49+0500
2024-08-17T16:49+0500
2024-08-17T16:49+0500
дар тоҷикистон
пирях
обшавии пиряхҳо
эмомалӣ раҳмон
нигаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/09/1063870086_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_c1c5c449d6b2f9734f09ed682d6d5bce.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони "Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор гуфт, ки тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад.Вай таъкид кард, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккул ёфтани то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.Бояд гуфт, ки тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.Дар асоси қатъномаи мазкур, Тоҷикистон дар соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард.Эмомалӣ Раҳмон ҳамтоёни худро барои иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба Тоҷикистон даъват кард.Ин дар ҳолест, ки кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ҷумҳурӣ ҳам, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза мебошад, ба мушкилоти марбут ба об таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.Вай илова кард, ки мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати Тоҷикистон муайян гардидааст.
https://sputnik.tj/20240817/tojikiston-barq-manba-barqarorshavanda-istehsol-1063985339.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/09/1063870086_13:0:1149:852_1920x0_80_0_0_3f26b5efb59aac7f13b6f218b3533734.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, об, обшпаӣ, пирях, нигаронӣ,
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, об, обшпаӣ, пирях, нигаронӣ,
Нигаронии Раҳмон аз обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони "Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор гуфт, ки тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад.
Вай таъкид кард, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккул ёфтани то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.
“Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.
Дар асоси қатъномаи мазкур, Тоҷикистон дар соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамтоёни худро барои иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба Тоҷикистон даъват кард.
Ин дар ҳолест, ки кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ҷумҳурӣ ҳам, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза мебошад, ба мушкилоти марбут ба об таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Вай илова кард, ки мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати Тоҷикистон муайян гардидааст.