Вориди пулҳои қалбакии сомонӣ ва рубли русӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон

© Foto / Раёсати ВКД дар ш. ДушанбеМусодираи пулҳои қалбакӣ дар Душанбе
Мусодираи пулҳои қалбакӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2024
Обуна шудан
Кормандони пулиси Тоҷикистон дар пойтахти кишвар нафаре боздошт карданд, ки аз ӯ пулҳои қалбакии аз хориҷ воридшуда, дарёфт намуданд
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе хабар додааст, ки пулҳои қалбакӣ аз сокини 27-солаи шаҳри Душанбе мусодира шуда, ӯ ба гумони даст доштан дар паҳнкунии асъори сохта боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, пулҳои қалбакӣ аз дигар кишварҳо ворид карда шудаанд, лекин дар бораи маҳз аз кадом кишварҳои оварданашон маълумот дода намешавад.
“Кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миқдори зиёди асъори қалбакиро мусодира намуданд: 70 адад купюраҳои 500 сомона, 46 адад купюраҳои 200 сомона ва 9 адад 5-ҳазоррублии Русия”, - хабар додааст ВКД.
Бояд қайд кард, ин бори аввал нест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон дар бораи мусодираи пулҳои қалбакӣ хабар медиҳад.
Моҳи январи соли равон ВКД хабар дода буд, ки сокини 27 солаи пойтахтро барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллари амрикоӣ боздошт намудааст.
Деньги, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2024
Пешгирӣ аз гардиши доллару сомониҳои қалбакӣ дар Душанбе
Номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст.
“Гумонбаршаванда бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад пули коғазии 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, аз оғози сол дар кишвар ягон ҳолати дар муомилот пайдо шудани сомониҳои қалбакӣ ошкор нашудааст. Хадамоти матбуоти БМТ зикр карда буд, ки дар доираи тадбирҳои пешгирӣ ва иҷрои нақшаи корӣ бо мақсади беҳбуди ҳушёриву эҳтиёткорӣ зимни баргузории амалиёт бо пул, мактуб ба ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъор фирстода шудааст.
Бонки миллӣ аз сокинон ва ташкилотҳои молиявӣ даъват кард, ки ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунӣ ҳушёр ва омода бошанд.
Лентаи хабарҳо
0