Тоҷикистону Русия дар додугирифт боз рекорд заданд

© Foto / Пресс-служба Совета Федерации РФФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2024
Обуна шудан
Бино ба иттилои Агентии омор, дар моҳҳои январ-июли соли равон миёни Русия ва Тоҷикистон ҳамон миқдоре, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2023 муомилот кардаанд, додугирифт намудаанд.
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар 7 моҳи соли равон аз 1,1 миллиард доллар гузашт.
Дар ин бора дар гузориши ахири Агентии омори кишвар гуфта шудааст, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон дастрас мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% афзоиш ёфтааст.
Ин нишондиҳанда барои Русия ва Тоҷикистон рекорд мебошад, зеро дар 7 моҳи соли ҷорӣ кишварҳо ҳамон миқдоре, ки дар 8 моҳи (январ-август) соли гузашта тиҷорат карда буданд карда буданд, додугирифт намудаанд.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2024
Расулзода ва Мишустин: табодули коло дар сатҳи зарурӣ нест, метавонад бештар бошад
Чин аз рӯи ҳаҷми муомилоти мол дар ҷои дуюм аст. Дар моҳҳои январ - июли соли 2024 ин рақам тақрибан як миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25% афзоиш ёфтааст.
Швейтсария шарики асосии содироти Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мувофики маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар давоми 7 моҳ 26,6% тамоми махсулоти ба хориҷа фурӯхташуда ба ин кишвар рост меояд.
Ҳаҷми табодули колои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аз моҳи январ то июли соли равон 27% афзуда, аз 5 миллиард доллар гузаштааст.
Лентаи хабарҳо
0