https://sputnik.tj/20240821/eron-tehron-giriftani-maqomi-nozir-iiao-manfiatdor-1064023866.html
Эрон: Теҳрон ба гирифтани мақоми нозир дар ИИАО манфиатдор аст
Эрон: Теҳрон ба гирифтани мақоми нозир дар ИИАО манфиатдор аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дархости Эрон барои дарёфти мақоми кишвари нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шуд
2024-08-21T18:59+0500
2024-08-21T18:59+0500
2024-08-26T18:19+0500
ииао
эрон
русия
ҳамкорӣ
нозир
манфиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/15/1064024207_0:28:3061:1750_1920x0_80_0_0_fdf9a10a2025b5df70621c4d31465f02.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Машваратҳо вобаста ба ин масъала дар шакли маҷозӣ таҳти раёсати Вазири ҳамгирои ва макроиқтисодӣ Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Сергей Глазев баргузор шуданд.Кишварҳои узви ИИАО дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд.Ҳайати Эронро мудири кулли Раёсати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Вазорати корҳои хориҷӣ Сайидҷалолиддин Алавии Сабзеварӣ роҳбарӣ мекард.Иштирокчиёни машварат рушди босуръати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви ИИАО ва Эронро қайд намуда, аз нияти кишвар ба гирифтани мақоми давлати нозир дар ИИАО мувофиқи Низомнома дар бораи Иттиҳодия истиқбол карданд.Қарор дар бораи додани чунин мақом ба шарики хориҷӣ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои иттиҳодия дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул хоҳад шуд.Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20240820/iiao-90-dodugirift-asorhoi-milli-anjom-doda-meshavand-1064013413.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/15/1064024207_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_5b8b6b6202d99a1d5c11d7227207149e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, теҳрон, авруосиё, иқтисод, ҳамкорӣ, эрон, мақоми нозир
русия, ииао, теҳрон, авруосиё, иқтисод, ҳамкорӣ, эрон, мақоми нозир
Эрон: Теҳрон ба гирифтани мақоми нозир дар ИИАО манфиатдор аст
18:59 21.08.2024 (Навсозишуда: 18:19 26.08.2024) Дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дархости Эрон барои дарёфти мақоми кишвари нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Машваратҳо вобаста ба ин масъала дар шакли маҷозӣ таҳти раёсати Вазири ҳамгирои ва макроиқтисодӣ Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Сергей Глазев баргузор шуданд.
Кишварҳои узви ИИАО дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд.
Ҳайати Эронро мудири кулли Раёсати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Вазорати корҳои хориҷӣ Сайидҷалолиддин Алавии Сабзеварӣ роҳбарӣ мекард.
Иштирокчиёни машварат рушди босуръати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви ИИАО ва Эронро қайд намуда, аз нияти кишвар ба гирифтани мақоми давлати нозир дар ИИАО мувофиқи Низомнома дар бораи Иттиҳодия истиқбол карданд.
Қарор дар бораи додани чунин мақом ба шарики хориҷӣ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои иттиҳодия дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул хоҳад шуд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.