https://sputnik.tj/20240820/iiao-90-dodugirift-asorhoi-milli-anjom-doda-meshavand-1064013413.html
Дар ИИАО 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ анҷом дода мешаванд
Дар ИИАО 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ анҷом дода мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ сурат мегиранд
2024-08-20T17:01+0500
2024-08-20T17:01+0500
2024-08-20T17:01+0500
ииао
ҳисоббаробаркунӣ
пардохт
пули миллӣ
русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_0:150:2872:1766_1920x0_80_0_0_a610f6e4fa8438d9f4b70665e894c8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Микаэл Агасандян, мудири департаменти аввали кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақрибан 90% пардохтҳо дар тиҷорат ҳоло бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд."Агар дар бораи омори истифодабарии асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила гӯем, пас ин нишондиҳанда тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад", - қайд кард ӯ.Агасандян таъкид кард, ки кишварҳои узви ИИАО зарурати коҳиши хатарҳои истифодаи абзорҳои молии ғарбиро дарк мекунанд.Мудири Департамент ВУХ-и Русия қайд кард, ки ин воситаҳо ба фишори сиёсӣ табдил меёбанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади пардохтҳо дар ИИАО бо пули миллӣ сурат мегиранд."Ҳаҷми савдои мутақобила миёни кишварҳои ИИАО аз 45 миллиард доллар ба 89 миллиард доллар расид, беш аз 90% ҳисоббаробаркуниҳо аллакай бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд", - гуфт Путин.Президенти Русия маълумотеро овард, ки тибқи он маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИИАО, тибқи ҳисобҳои мавҷуда, аз 1,6 трлн доллар ба 2,5 трлн доллар ва гардиши мол бо кишварҳои сеюм 60% афзуда, аз 579 млрд доллар ба 923 млрд доллар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20240819/iiao-tasis-mintaqa-tijorat-ozod-kishvarho-barrasi-1064002425.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_160:0:2713:1915_1920x0_80_0_0_86716fa691ffd25c47ba34009e2972dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, ҳисоббаробаркунӣ, пардохт, пули миллӣ, додугирифт
ииао, ҳисоббаробаркунӣ, пардохт, пули миллӣ, додугирифт
Дар ИИАО 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ анҷом дода мешаванд
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Микаэл Агасандян, мудири департаменти аввали кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақрибан 90% пардохтҳо дар тиҷорат ҳоло бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд.
"Агар дар бораи омори истифодабарии асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила гӯем, пас ин нишондиҳанда тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад", - қайд кард ӯ.
Агасандян таъкид кард, ки кишварҳои узви ИИАО зарурати коҳиши хатарҳои истифодаи абзорҳои молии ғарбиро дарк мекунанд.
Мудири Департамент ВУХ-и Русия қайд кард, ки ин воситаҳо ба фишори сиёсӣ табдил меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади пардохтҳо дар ИИАО бо пули миллӣ сурат мегиранд.
"Ҳаҷми савдои мутақобила миёни кишварҳои ИИАО аз 45 миллиард доллар ба 89 миллиард доллар расид, беш аз 90% ҳисоббаробаркуниҳо аллакай бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд", - гуфт Путин.
Президенти Русия маълумотеро овард, ки тибқи он маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИИАО, тибқи ҳисобҳои мавҷуда, аз 1,6 трлн доллар ба 2,5 трлн доллар ва гардиши мол бо кишварҳои сеюм 60% афзуда, аз 579 млрд доллар ба 923 млрд доллар афзоиш ёфтааст.