Дар Душанбе нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд - видео

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе гузошта шуд
Дар маросими пардабардорӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Аида Баллаева ширкат намуданд.
Абай Кунанбоев шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ дониста мешавад. Абай фарди бофарҳанги ҷаҳонӣ буда, мероси ғании адабии ӯ на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият мебошад.
Бояд гуфт, ки эҷодиёти шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – "Масъуд", "Гуфтор дар бораи Азим" ва "Искандар" дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсонӣ тараннум шудаанд.
Омодагии Душанбе ба сафари Тоқаев: Бархе кӯчаҳои пойтахт 22 август баста мешаванд
Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ "Қара сӯз" ("Каломи сиёҳ") ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои "Ақлия", "Пандҳо", "Панднома", "Андешаҳо" тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар "Панднома"-и Абай таъсири "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус ва "Гулистон"-и Саъдӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамчунин дар маҷмуае бо номи "Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ" зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва "Андешаҳо" (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0