Ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд маркази гармидиҳӣ ва корхонаи коркарди партов месозад

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ху Сяоян
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ху Сяоян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2024
Обуна шудан
Ширкати "Рowerchina Hebei engineering corporation Iimited" ният дорад дар Суғд маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партов бунёд намояд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмдзода масъалаи бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партовро бо директори минтақавии ширкати "Рowerchina Hebei engineering corporation Iimited" Ху Сяоянро баррасӣ кард.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партовро баррасӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд дар ин дидор қайд кардааст, ки ширкатҳои муштарак бо Чин дар вилояти Суғд фаъолияти босамарро ба роҳ монда, дар амалӣ шудани ҳадафҳои созанда саҳм мегузоранд.
Вай таъкид кард, ки бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партов ба нафъи ҷонибҳо буда, дар сурати амалӣ шудани лоиҳаҳо дар навбати аввал дар шаҳри Хуҷанд, дар оянда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ чунин лоиҳаҳо татбиқ карда мешавад.
Флаги Таджикистана и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2024
Тоҷикистон вобастагии қарзияшро аз Чин камтар мекунад
“Дар сурати бунёди маркази гармидиҳӣ бо истифода аз технологияи нав дар шаҳри Хуҷанд биноҳои баландошёна, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаву муассисаҳо дар фасли сармо бо гармӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, бо назардошти кишвари офтобрӯя будани мамлакат истифодаи панелҳои офтобӣ ба манфиати кор дониста шуд”, - зикр кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳамзамон дар мулоқот ба масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди партов низ таваҷҷуҳ равона гардид.
Роҳбари вилоят гуфт Тоҷикистон ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии он таваҷҷуҳи хоса дода медиҳад ва бунёди корхонаи коркарди партов яке аз ҳадафҳо дар ин самт мебошад.
Аҳмадзода изҳори боварӣ кард, ки ширкати чинӣ дар амалӣ шудани ин ҳадафи муҳим саҳм мегузорад.
Директори минтақавии ширкати "Powerchina Hebei engineering corporation Iimited" Ху Сяоян қайд гардид, ки ширкати мазкур дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳадафаш амалӣ намудани ин таҷриба дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Мувофиқа шуд, ки ширкат пас аз омӯзиш мутахассисони худро ба вилояти Суғд фиристад ва барои татбиқи лоиҳаҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Лентаи хабарҳо
0