https://sputnik.tj/20240810/tojikiston-vobastagi-qarzi-chin-kamtar-mekunad-1063884838.html
Тоҷикистон вобастагии қарзияшро аз Чин камтар мекунад
Тоҷикистон вобастагии қарзияшро аз Чин камтар мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тайи шаш сол аст, ки аз Чин қарз намегирад ва ҳамаи он маблағҳое, ки дарёфт мекунад, грантҳои бебозгашт ҳастанд
2024-08-10T16:14+0500
2024-08-10T16:14+0500
2024-08-10T16:14+0500
дар тоҷикистон
чин
иқтисод
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057213175_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_302042ed7bd822334d0da353f0a0f101.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Саҳми чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли кам шудан аст.Дар ин бора Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини аввали вазири молия ба хабарнигорон изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки раванди коҳиш сол то сол идома дорад.Вай таъкид кард, ки 1,5 млрд доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меомад, ки то ҳол 610 млн доллари он баргардон шудааст. Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт, ки феълан ҷумҳурӣ аз Чин тақрибан 850-890 млн доллар қарздор азст.Оқои маҷидӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон баъд аз соли 2018 дигар аз Чин қарз нагирифта, танҳо маблағи бебозгашт дарёфт мекунад.Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки қисми бештари қарзҳои имтиёзноки ҷониби Пекинро то соли 2025 пардохт хоҳад кард, зеро муҳлати имтиёзҳо поён меёбад.Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки то моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна ба 23,7%-и ММД баробар аст.Тайи шаш моҳи гузашта, кишвар барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 135 млн доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизҳо - 42,8 млн доллар равона шудааст.Ба иттилои вай, барои пардохти қарзи беруна Тоҷикистон ҳамасола на зиёдтар аз 10%-и буҷети худро масраф мекунад.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057213175_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_59e22fc966d5f78ae5d6ecfe483e0758.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон вобаста қарз чин кам
тоҷикистон вобаста қарз чин кам
Тоҷикистон вобастагии қарзияшро аз Чин камтар мекунад
Тоҷикистон тайи шаш сол аст, ки аз Чин қарз намегирад ва ҳамаи он маблағҳое, ки дарёфт мекунад, грантҳои бебозгашт ҳастанд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Саҳми чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли кам шудан аст.
Дар ин бора Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини аввали вазири молия ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки раванди коҳиш сол то сол идома дорад.
Вай таъкид кард, ки 1,5 млрд доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меомад, ки то ҳол 610 млн доллари он баргардон шудааст.
Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт, ки феълан ҷумҳурӣ аз Чин тақрибан 850-890 млн доллар қарздор азст.
Оқои маҷидӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон баъд аз соли 2018 дигар аз Чин қарз нагирифта, танҳо маблағи бебозгашт дарёфт мекунад.
Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки қисми бештари қарзҳои имтиёзноки ҷониби Пекинро то соли 2025 пардохт хоҳад кард, зеро муҳлати имтиёзҳо поён меёбад.
Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки то моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.
Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна ба 23,7%-и ММД баробар аст.
Тайи шаш моҳи гузашта, кишвар барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 135 млн доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизҳо - 42,8 млн доллар равона шудааст.
Ба иттилои вай, барои пардохти қарзи беруна Тоҷикистон ҳамасола на зиёдтар аз 10%-и буҷети худро масраф мекунад.