Ҳалокати Заур Дахте, наворбардори синамо, аккоси маъруф дар як садамаи нақлиётӣ

© SputnikФотограф Заур Дахте
Фотограф Заур Дахте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2024
Обуна шудан
Заур Дахте, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми август дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Ӯ 88 сол дошт
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Наздикони Заур Дахте хабар доданд, ки ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.
“Мошинеро, ки Заур Дахте шахсан идора мекард, дучори садама шудааст. Ҳамсар ва фарзандаш ҳам дар мошин буданд, ки онҳо ҷон ба саломат бурданд” – хабар доданд наздикони наворбардори шинохтаи тоҷик.
Мошини Заур Дахте дар роҳи Душанбе - Чаноқ (дар минтақаи Варзоб) ба мошини боркаш бархӯрдааст. Гуфта мешавад, Заур Дахте ҳамроҳи пайвандони хеш аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат доштааст, ки дар километрии 33-ум ба мошини боркаш (газкашон) бархӯрдааст.
Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, маросими видоъ бо Заур Дахте рӯзи 16-уми август доир мешавад.
Қарор аст Заур Дахте, дар канори қабри падараш дар оромгоҳи “Сариосиё”-и Душанбе дафн шавад.
Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб шуда, дар хориҷа ҳам маъруфият дорад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ кардааст.
Заур Дахте - марде аз сарзамини Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2020
Заур Дахте - марде аз сарзамини Эрон
Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии Интердоми шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи “Тоҷикфилм” ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи “Тоҷикфилм” мешинохтанд.
Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳои сохти “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар сохти ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.
Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Дар даҳаи 1970 ва 1980 Заур Дахте борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ кард. Сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷасаммаи Буддоро филмбардорӣ карда, ки ҳоло дар музеи мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз аст.
Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шуарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.
Аккосӣ низ ҳунари дигари ӯст. Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0