ИИАО таъсиси минтақаи тиҷорати озод бо кишварҳои сеюмро баррасӣ мекунад

Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2024
Обуна шудан
Созишномаҳои ИИАО дар бораи минтақаҳои тиҷорати озод бо чанд давлат дар марҳилаи баланди рушд қарор доранд, гуфт роҳбари Вазорати саноат ва савдои Русия
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) масъалаи таъсиси минтақаи тиҷорати озодро бо Имороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия ва Миср баррасӣ мекунад.
Созишномаҳои ИИАО дар бораи озодии савдо бо ин давлатҳо дар марҳилаи баланди рушд қарор доранд.
Дар ин бора вазири саноат ва савдои Русия Антон Алихонов дар нишасти вазирони саноати БРИКС изҳор дошт.
"Муҳимтарин ва муассиртарин механизми рушди муносибатҳои байни ИИАО ва шарикони хориҷӣ созишномаҳо дар бораи минтақаи озоди савдо мебошад",- афзуд вай.
Ба гуфтаи ӯ, чунин минтақаҳо имкон доданд, ки гардиши мол бо Ветнам, Сербистон ва Эрон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.
Алихонов ҳамчунин пешниҳод кард, ки имкони ҳамкории байни БРИКС ва ИИАО баррасӣ шавад.
Вай ёдовар шуд, ки ИИАО имрӯз як иттиҳодияи иқтисодии амиқи минтақавии панҷ кишвар: Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошад.
Дар фазои созмон озодии ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ таъмин гардида, дар бахшҳои асосии иқтисодиёт сиёсати ягонаи танзимӣ амалӣ карда мешавад.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2024
Афзоиши савдои хориҷӣ дар аксари кишварҳои узви ИИАО
Ба шарофати ин иттиҳод фаъолона рушд мекунад, савдои мутақобила ва ҳамкории саноатӣ афзоиш меёбад, афзуд вазир.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ дар аксари кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 савдои хизматрасонӣ бо кишварҳои ҷаҳон тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узв афзоиш ёфт.
Лентаи хабарҳо
0