https://sputnik.tj/20240820/dushanbe-london-nazdiktar-poytakht-parvozho-mustaqim-iftitoh-1064011504.html
Душанбе ба Лондон наздиктар мешавад: Миёни ин ду пойтахт парвозҳои мустақим ифтитоҳ меёбад
Душанбе ба Лондон наздиктар мешавад: Миёни ин ду пойтахт парвозҳои мустақим ифтитоҳ меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки то охири соли равон дар хатсайри Душанбе-Лондон парвозҳои мустақим ифтитоҳ меёбанд
2024-08-20T14:29+0500
2024-08-20T14:29+0500
2024-08-20T16:20+0500
дар тоҷикистон
бритониё
лондон
парвоз
парвозҳои мустақим
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/14/1064011338_0:177:2560:1617_1920x0_80_0_0_bf31a51664d778f247e1fbbb49b69a92.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Пойтахтҳои Тоҷикистону Бритониёро парвозҳои мустақим мепайвандад.Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Агентии авиатсияи Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониё дар ин бора дидору гуфтугӯ кард.Оқои Назарзода ахиран бо Директори Департаменти коммуникатсия, стратегия ва сиёсат, Директори Департаменти ҳамкории байналмилалии Агентии авиатсияи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тим Ҷонсон ва муовини Сардори хадамот оид ба музокироти байналмилалӣ дар самти авиатсияи Вазорати нақлиёти Подшоҳии Муттаҳида Ҷефф Беван дидор кард.Зимни вохӯриҳо масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Лондон баррасӣ шуд.Иттилоъ дода шуд, ки ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт охири сол ба нақша гирифта шудааст.Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –"Сомон Эйр" ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии "British Airways" анҷом диҳанд.Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳои мунтазамро иҷро намудаанд.Парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Флай Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, “Туркиш Эйрлайнз”-и Ҷумҳурии Туркия, “Вориш Эйрлайнз”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Ҷазира Эйрвейз”-и Давлати Қувайт ва “Бута Эйрвейз”-и Озарбойҷон), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (“Ют Эйр”, “Уральские авиалинии”, “Северный ветер”, “Сибирь-S7”, “Ямал”-и Русия, “Эйр Астана”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва 1 ширкати ватании ҶДММ “Сомон Эйр” ба амал оварда мешавад.Бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, бо 28 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз онҳо 9 кишвари ИДМ (Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Узбекистон) 7 кишвари Аврупо (Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва 12 кишвари Осиё (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Корея ва Салтанати Умон) мебошанд.Айни замон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Шоҳигарии Арабистони Сауди, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.
https://sputnik.tj/20240814/bekhatari-parvozho-tavassut-harimi-havoi-tojkistonu-uzbekiston-1063934335.html
лондон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/14/1064011338_0:0:2560:1920_1920x0_80_0_0_8b1718fd9507fa3f96c0164daf03f17e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, лондон, парвоз, мустақим, ифтитоҳ
тоҷикистон, душанбе, лондон, парвоз, мустақим, ифтитоҳ
Душанбе ба Лондон наздиктар мешавад: Миёни ин ду пойтахт парвозҳои мустақим ифтитоҳ меёбад
14:29 20.08.2024 (Навсозишуда: 16:20 20.08.2024) Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки то охири соли равон дар хатсайри Душанбе-Лондон парвозҳои мустақим ифтитоҳ меёбанд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Пойтахтҳои Тоҷикистону Бритониёро парвозҳои мустақим мепайвандад.
Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Агентии авиатсияи Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониё дар ин бора дидору гуфтугӯ кард.
Оқои Назарзода ахиран бо Директори Департаменти коммуникатсия, стратегия ва сиёсат, Директори Департаменти ҳамкории байналмилалии Агентии авиатсияи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тим Ҷонсон ва муовини Сардори хадамот оид ба музокироти байналмилалӣ дар самти авиатсияи Вазорати нақлиёти Подшоҳии Муттаҳида Ҷефф Беван дидор кард.
Зимни вохӯриҳо масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Лондон баррасӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт охири сол ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –"Сомон Эйр" ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии "British Airways" анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳои мунтазамро иҷро намудаанд.
Парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Флай Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, “Туркиш Эйрлайнз”-и Ҷумҳурии Туркия, “Вориш Эйрлайнз”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Ҷазира Эйрвейз”-и Давлати Қувайт ва “Бута Эйрвейз”-и Озарбойҷон), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (“Ют Эйр”, “Уральские авиалинии”, “Северный ветер”, “Сибирь-S7”, “Ямал”-и Русия, “Эйр Астана”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва 1 ширкати ватании ҶДММ “Сомон Эйр” ба амал оварда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, бо 28 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз онҳо 9 кишвари ИДМ (Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Узбекистон) 7 кишвари Аврупо (Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва 12 кишвари Осиё (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Корея ва Салтанати Умон) мебошанд.
Айни замон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Шоҳигарии Арабистони Сауди, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.