Бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии Тоҷикистону Узбекистон беҳтар мешавад

© Foto / Агентство гражданской авиации при правительстве ТаджикистанаПодписание Меморандума о сотрудничестве в сфере аэронавигации между Таджикистаном и Узбекистаном
Подписание Меморандума о сотрудничестве в сфере аэронавигации между Таджикистаном и Узбекистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Узбекистон ахиран масоили марбут ба дурнамои тақвияти ҳамкориро дар соҳаи таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе байни КВД "Тоҷикаэронавигатсия" ва КВД Маркази "Узаэронавигатсия" Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст "Тоҷикаэронавигатсия".
Ба иттилои манбаъ, Ёддошти ҳамкорӣ дар густариши ҳамкории соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия ва барои тақвияти минбаъдаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақа, мубодилаи таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ҳарду давлат мусоидат менамояд.
Ҳамчунин роҳбарони мақомоти аэронавигатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи мулоқоти судманд инчунин масъалаҳои марбут ба дурнамои тақвияти ҳамкориро дар соҳаи таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ баррасӣ намуданд.
“Кӯшишҳои муштараки мо ба баланд бардоштани сифат ва бехатарии аэронавигатсионӣ нигаронида шудаанд, ки омили калидии таъмини ҳаракати устувору бехатари ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон мебошанд. Итминон дорем, ки мубодилаи таҷриба ва технология ба мо имкон медиҳад, ки дар ин самт ба қуллаҳои нави ҳамкорӣ бирасем”, — изҳор намуд Лоиқ Бегиҷонзода директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия".
Производство цемента на заводе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Сементи Тоҷикистон ба Афғонистону Узбекистон бо кадом нарх фурӯхта мешавад? Посухи мақомот
Инчунин ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳо доир ба амалӣ намудани ҳамкории минбаъда ва рушди онҳо баррасӣ намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳайати мақомоти аэронавигатсионии Узбекистон бо ҷараёни таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, техника ва таҷҳизоти соҳа, фаъолияти манораи муназзимии корхона шинос шуда, доир ба дастрас, ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои таъминкунандаи хизматрасонии соҳа табодули афкор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0