Тамдиди муҳлати боздошти боз чор тан, ки дар ҳамла ба Крокус гумонбар мешаванд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПродление ареста обвиняемым по делу о нападении на "Крокус сити холл"
Продление ареста обвиняемым по делу о нападении на Крокус сити холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2024
Обуна шудан
Бар асоси қарори Додгоҳи Басманний, ҳамаи чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон се моҳи дигар - то 22 ноябри соли ҷорӣ дар ҳабс боқӣ хоҳанд монд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Муҳлати боздошти боз чаҳор зодаи Тоҷикистон, ки дар содир кардани ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Крокус Сити Холл гумонбар мешаванд, тамдид шуд.
"Додгоҳ дархости мақомоти тафтишотиро қонеъ карда, нисбати Лутфуллои Назримад*, Қурбонов Ҷумъахон Бегиҷонович*, Юсуфзода Ёқубҷони Давлатхон*, Шарифзода Муҳаммад* чораи пешгириро дар намуди ҳабс ба муҳлати 3 моҳ тамдид кард", - хабар медиҳад дафтари матбуоти суди Басманний.
Мушаххас шудааст, ки ҳар чаҳор нафар то 22 ноябри соли 2024 дар ҳабс хоҳанд буд.
Қаблан додгоҳ нисбати зодаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоев*, Муродалӣ Раҷабализода*, Муҳаммадсобир Файзов* ва Шамсиддин Фаридун*, ки омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус мебошанд, ҳамин гуна ҳукм содир карда буд.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Продление ареста обвиняемым по делу о нападении на Крокус сити холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2024
Иттиҳоми нав дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Задержание террористов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Тарҳи “Крокус” дар Ваҳдат, ё Душанбе бо терроризм чӣ гуна дасту панҷа нарм мекунад?
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
* Ба феҳристи террористон ва экстремистҳои Росфинмониторинг дохил карда шудаанд
Лентаи хабарҳо
0