Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Лансет" як артиллерияи худгарди артиши Украинаро дар вилояти Суми нобуд кард: видео

Обуна шудан
Артиши Русия як тӯпи худгарди нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар вилояти Сумӣ, ки қаламрави вилояти Белгородро тирборон мекард, нобуд карданд
Як воҳиди гурӯҳи нерӯҳои шимолӣ бо истифода аз лавозимоти ҷангии "Лансет" дар минтақаи марзии вилояти Сумӣ як воҳиди артиллерияи худгарди нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кард.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар додааст.
Таҷҳизоти иктишофи ҳавоии яке аз воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Север" дар минтақаи ҷангалзор дар наздикии марзи давлатии вилояти Сумӣ як воҳиди артиллерияи худгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кашф карданд, ки дар ин қаламрави вилояти Белгород тирандозӣ мекард.
Вазорати дифои Русия: Талафоти нерӯҳои Украина дар вилояти Курск дар ҳоли афзоиш аст
Ҳадафи ошкоршуда бо зарбаи мустақим аз лавозимоти ҷангии "Лансет" бомуваффақият зада шуд.
Назорати объективии нобудсозии силоҳҳои худгард дар Украина тавассути иктишофи ҳавоӣ дар вақти воқеӣ анҷом дода шуд, гуфт вазорати дифои Русия.
Лентаи хабарҳо
0