Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия: Талафоти нерӯҳои Украина дар вилояти Курск дар ҳоли афзоиш аст

© Sputnik / РИА Новости / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкВертолеты Ка-52 наносят удары по силам ВСУ в Курской области
Вертолеты Ка-52 наносят удары по силам ВСУ в Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2024
Обуна шудан
Нерӯҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар як шабонарӯз дар вилояти Курски Русия то 270 нафарро аз даст дода, дар маҷмӯъ талафоти онҳо ба 2300 нафар расид
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Украина дар як шабонарӯз то 270 нафарро дар самти вилояти Курск аз даст додааст.
Вазорати дифоъ хабар гуфт, душман дар давоми рӯз чӣ талаф додааст:
то 270 ҳарбӣ, 16 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла ду танк, як мошини зиреҳпӯши Страйкер, 13 худрави ҷангии пиёданизом, инчунин 10 мошини низомӣ ва тӯпхонаи 122 мм Д-30.
Дар маҷмӯъ, аз оғози ҳамлаи нерӯҳои украинӣ дар ин минтақа онҳо то 2300 нафар низомиён ва ҳамчунин миқдори зиёди техника: аз ҷумла 37 танк, 32 зиреҳпӯш, 18 худрави ҷангии пиёданизом, 192 худрави зиреҳпӯши размиро аз даст доданд .
Новейшая огнеметная система ТОС -2 Тосочка ЦВО. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ба вилояти Курски Русия ҳазорҳо сарбоз сафарбар карда шуд
Ҳамчунин 88 мошинҳои низомӣ, чор системаи падофанди ҳавоӣ, ду мушакандози чандгона ва инчунин 15 тупи худкашиш нобуд карда шуд.
Тавре раҳбари Русия Владимир Путин таъкид кард, режими Киев бо ин ҳамла талош дорад, ки дар оянда мавқеъи худро дар музокирот беҳтар кунад. Аммо душман чавоби сазовор мегирад ва тамоми мақсадҳое, ки дар назди артиши Русия гузошта шудааст, амалӣ мегарданд.
Дар Курск, инчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск барои таъмини амнияти мардуми ғайринизомӣ режими амалиёти зидди террористӣ ҷорӣ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0