То соли 2032 Тоҷикистон 100% барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон провел кадровые перестановки
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон провел кадровые перестановки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони "Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор" гуфт, ки Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад.
“Аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба сад фоиз расонад, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергияи сабз” ба роҳ монд.
“Тоҷикистонро то соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил медиҳем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар бораи истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обиву энергетикии Осиёи Марказӣ таъкид карда буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба рушди “энергияи сабз” дар Тоҷикистон чӣ такон медиҳад
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин самт Тоҷикистон омода аст бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории созандаву судмандро ба роҳ монад.
“Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-и аз ҷиҳати экологӣ тозаро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш диҳем”,- таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Вай илова кард, ки ба таври самаранок мавриди истифодаи минбаъда қарор додани захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла бо иштироки кишварҳои иштирокчии Барнома метавонад ба рушди бозори умумии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар минтақа саҳми назаррас гузорад.
Лентаи хабарҳо
0