https://sputnik.tj/20220604/emomali-rahmon-energiyai-sabz-tojikiston-takon-medihad-1048934262.html
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба рушди “энергияи сабз” дар Тоҷикистон чӣ такон медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба рушди “энергияи сабз” дар Тоҷикистон чӣ такон медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон рушди бахши гидроэнергетика, ки тавликунандаи “энергияи сабз” дар кишвар мебошад, муҳим донист
2022-06-04T13:08+0500
2022-06-04T13:08+0500
2022-06-06T19:48+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
энергетика
энергияи оянда
сабз
раисҷумҳур
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_30715fa294094f66f3bb9f6edf25e3d2.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим, гуфт таҳкими бахши гидроэнергетикӣ, дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамчунин дар мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим метавонад нақши калидӣ дорад.Ба гуфтаи вай, барои нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ барои давраи то соли 2050 тақрибан 850 гигаватт (гВт) иқтидори иловагии барқи обӣ лозим мешавад.“Барои то якуним дараҷа дар ченаки Селсий (1,5°C) маҳдуд кардани болоравии ҳарорат зиёда аз 1200 гигаватт барқ зарур аст”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва зиёда аз 600 гигаватти дигар иловатан зарур дониста мешавад.Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (МВТ) идома дорад.Вай афзуд, тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 миллиард киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар “Роғун” тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз сездаҳуним миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар сурати истифода бурдани маводи нафтӣ он қариб даҳ миллион тонна ва дар мавриди истифодаи гази табиӣ зиёда аз шашуним миллион тоннаро ташкил медиҳад.Эмомалӣ Раҳмон боварӣ дорад, ки масъалаи мазкур, бо дарназардошти аҳамияти он дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20220604/hushdor-rahmon-garmi-mushkil-jahon-1048930172.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_128:0:1945:1363_1920x0_80_0_0_01b87b51babbf0145d276a33dbe60f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, энергияи сабз, рушд, энергетика
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, энергияи сабз, рушд, энергетика
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба рушди “энергияи сабз” дар Тоҷикистон чӣ такон медиҳад
13:08 04.06.2022 (Навсозишуда: 19:48 06.06.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон рушди бахши гидроэнергетикаро, ки тавликунандаи “энергияи сабз” дар кишвар маҳсуб мешавад, муҳим донист
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим, гуфт таҳкими бахши гидроэнергетикӣ, дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамчунин дар мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим метавонад нақши калидӣ дорад.
Ба гуфтаи вай, барои нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ барои давраи то соли 2050 тақрибан 850 гигаватт (гВт) иқтидори иловагии барқи обӣ лозим мешавад.
“Барои то якуним дараҷа дар ченаки Селсий (1,5°C) маҳдуд кардани болоравии ҳарорат зиёда аз 1200 гигаватт барқ зарур аст”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва зиёда аз 600 гигаватти дигар иловатан зарур дониста мешавад.
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (МВТ) идома дорад.
“Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи барқи “сабз” ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ, хушксолӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳад дошт”, - илова кард.
Вай афзуд, тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 миллиард киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар “Роғун” тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз сездаҳуним миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар сурати истифода бурдани маводи нафтӣ он қариб даҳ миллион тонна ва дар мавриди истифодаи гази табиӣ зиёда аз шашуним миллион тоннаро ташкил медиҳад.
“Ҳамин тариқ, Неругоҳи “Роғун” дар коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера саҳми хеле арзанда хоҳад дошт”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон боварӣ дорад, ки масъалаи мазкур, бо дарназардошти аҳамияти он дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.