https://sputnik.tj/20240817/afzoishi-korhoi-sokhtmoni-qalamravi-kishvarhoi-iiao-1063978577.html
Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар иттилои омори расмӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё рӯ ба афзоиш қарор дорад
2024-08-17T10:21+0500
2024-08-17T10:21+0500
2024-08-17T10:21+0500
ииао
авруосиё
сохтмон
иқтисод
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061061184_0:154:3093:1894_1920x0_80_0_0_0cafba43cf15e30d8bc76448c750c598.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ним соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.Аз ҷумла дар Арманистон – 2,1%, Қирғизистон – 44,5%, Қазоқистон ва Беларус – 8,6%, Русия – 3,9% мушоҳида шудааст.Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.Маълумоти муфассалтари оморӣ дар саҳифаи Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бахши “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО” оварда шудааст.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20240815/tijorati-ozod-miyoni-iiao-hinduston-sud-megirad-1063959411.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061061184_228:0:2957:2047_1920x0_80_0_0_c1bc36cf50fcf4b1d718eb0099c599d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, сохтмон, афзоиш, омор
ииао, авруосиё, сохтмон, афзоиш, омор
Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Бино бар иттилои омори расмӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё рӯ ба афзоиш қарор дорад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ним соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар Арманистон – 2,1%, Қирғизистон – 44,5%, Қазоқистон ва Беларус – 8,6%, Русия – 3,9% мушоҳида шудааст.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.
Маълумоти муфассалтари оморӣ дар саҳифаи Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бахши “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО” оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.