https://sputnik.tj/20240816/tijorati-afghonistonu-tojikiston-haft-mohi-1063974527.html
Тиҷорати 30 миллион долларии Афғонистону Тоҷикистон дар ҳафт моҳи ахир
Тиҷорати 30 миллион долларии Афғонистону Тоҷикистон дар ҳафт моҳи ахир
Sputnik Тоҷикистон
Ақломи умдаи содироти Афғонистон ба Тоҷикистон, бодинҷони румӣ, бодиранг, зираӣ сиёҳ, картошка, себ, бодом ва анор будааст
2024-08-16T14:31+0500
2024-08-16T14:31+0500
2024-08-16T16:51+0500
дар тоҷикистон
содирот
воридот
тиҷорат
савдо
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/21/1031112101_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_cbd4194af365f12a8f694b9138300356.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазорати саноат ва тиҷорат мегуяд, ки дар ҳафт моҳи гузашта ба арзиши 30 миллион доллар миёни Афғонистон ва Тоҷикистон доду ситади бозаргонӣ сурат гирифтааст.Охундзода Абдусаломи Ҷаводӣ сухангӯи ин вазорат ба “Tolonews” гуфтаст, ки аз ин миён Афғонистон ҳашт миллион доллар ба Тоҷикистон содирот дошта ва 22 миллион доллар низ воридот кардааст.“Тиҷорати Афғонистон бо кишвари Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2024 милодӣ, дар ҳудӯди 30 миллион доллар буда, ки ҳашт миллион доллар содирот ва 22 миллион дигар воридот аст. Ақломи умдаи содироти Афғонистон ба Тоҷикистон, бодинҷони румӣ, бодиранг, зираӣ сиёҳ, картошка, себ, бодом ва анор аст ва ақломи воридотии Афғонистон аз Тоҷикистон, семент, тухми мурғ, худрав, равғани офтобпараст, сӯзишворӣ аст”, - гуфт сухангӯи ин вазорат.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш давлати Тоҷикистони эълон кард, ки тасмим дорадроҳи оҳани кишварашро то марзи Афғонистон имтидод бидиҳад.Утоқи саноеъ ва маодин бар тавсеа бештар ҳамкориҳои бозаргонӣ ва тронзитӣ миёни Афғонистону Тоҷикистони таъкид меварзад ва меафзоед, дар сурате, ки роҳи оҳани миёни Афғонистону Тоҷикистон васл шавад иқтисоди ҳарду кишвар рушди чашмгире хоҳад дошт.“Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳаммарз ва ҳамсояи Афғонистон аст мо метавонем, ки тавсеаи тиҷоратии худро бо он афзоиш диҳем хусусан колоҳои саноатии Афғонистон дар Тоҷикистон бозори хуб дорад. Роҳҳои тронзитӣ роҳ оҳан аст аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва Покистони ҳам барои Тоҷикистон барои Афғонистон муфид аст”, гуфт Сахиаҳмади Паймон, муовини нахусти утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон.Бо тавваҷуҳ ба вазъияти ҷории миёни Афғонистону Тоҷикистон, бархе аз огоҳони масоили иқтисодӣ мавқеъияти Афғонистонро барои тавсеаи тиҷорат ва тронзит миёни кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бисёр бо арзиш медонанд.Бар бунёди гузориши расонаҳои Тоҷикистон, даризоии роҳи оҳане, ки то марзи Афғонистон имтидод меабад, 51 километр аст ва бо такмил шудан он Тоҷикистон ба бозорҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳинд роҳ пайдо хоҳад кард.Ҳазинаи ин пружаро чаҳор миллион доллар гуфта шуда ва дар ҷараёни се сол такмил хоҳад шуд.Гуфта мешавад, ки сохти ин роҳи оҳани як бахш аз пружаи бузурги баном “ТАТ” аст, ки бар бунёди он Афғонистон, Тоҷикистону Туркманистон аз тариқи роҳи оҳан бо дигари кишварҳои Осиёи миёна васл мешаванд.
https://sputnik.tj/20240801/tojikiston-bozori-pokiston-hind-bunyodi-rohi-ohan-sarhadi-afghoniston-1063756918.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/21/1031112101_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_78e824d1a795dda3c8d0fee2e711589f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, савдо, тиҷорат, иқтисод, доду гирифт
тоҷикистон, афғонистон, савдо, тиҷорат, иқтисод, доду гирифт
Тиҷорати 30 миллион долларии Афғонистону Тоҷикистон дар ҳафт моҳи ахир
14:31 16.08.2024 (Навсозишуда: 16:51 16.08.2024) Қисми бештари содироти Афғонистон ба Тоҷикистон, бодинҷони румӣ, бодиранг, зираӣ сиёҳ, картошка, себ, бодом ва анор будааст
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазорати саноат ва тиҷорат мегуяд, ки дар ҳафт моҳи гузашта ба арзиши 30 миллион доллар миёни Афғонистон ва Тоҷикистон доду ситади бозаргонӣ сурат гирифтааст.
Охундзода Абдусаломи Ҷаводӣ сухангӯи ин вазорат ба “Tolonews” гуфтаст, ки аз ин миён Афғонистон ҳашт миллион доллар ба Тоҷикистон содирот дошта ва 22 миллион доллар низ воридот кардааст.
“Тиҷорати Афғонистон бо кишвари Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2024 милодӣ, дар ҳудӯди 30 миллион доллар буда, ки ҳашт миллион доллар содирот ва 22 миллион дигар воридот аст. Ақломи умдаи содироти Афғонистон ба Тоҷикистон, бодинҷони румӣ, бодиранг, зираӣ сиёҳ, картошка, себ, бодом ва анор аст ва ақломи воридотии Афғонистон аз Тоҷикистон, семент, тухми мурғ, худрав, равғани офтобпараст, сӯзишворӣ аст”, - гуфт сухангӯи ин вазорат.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш давлати Тоҷикистони эълон кард, ки тасмим дорадроҳи оҳани кишварашро то марзи Афғонистон имтидод бидиҳад.
Утоқи саноеъ ва маодин бар тавсеа бештар ҳамкориҳои бозаргонӣ ва тронзитӣ миёни Афғонистону Тоҷикистони таъкид меварзад ва меафзоед, дар сурате, ки роҳи оҳани миёни Афғонистону Тоҷикистон васл шавад иқтисоди ҳарду кишвар рушди чашмгире хоҳад дошт.
“Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳаммарз ва ҳамсояи Афғонистон аст мо метавонем, ки тавсеаи тиҷоратии худро бо он афзоиш диҳем хусусан колоҳои саноатии Афғонистон дар Тоҷикистон бозори хуб дорад. Роҳҳои тронзитӣ роҳ оҳан аст аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва Покистони ҳам барои Тоҷикистон барои Афғонистон муфид аст”, гуфт Сахиаҳмади Паймон, муовини нахусти утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон.
Бо тавваҷуҳ ба вазъияти ҷории миёни Афғонистону Тоҷикистон, бархе аз огоҳони масоили иқтисодӣ мавқеъияти Афғонистонро барои тавсеаи тиҷорат ва тронзит миёни кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бисёр бо арзиш медонанд.
Бар бунёди гузориши расонаҳои Тоҷикистон, даризоии роҳи оҳане, ки то марзи Афғонистон имтидод меабад, 51 километр аст ва бо такмил шудан он Тоҷикистон ба бозорҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳинд роҳ пайдо хоҳад кард.
Ҳазинаи ин пружаро чаҳор миллион доллар гуфта шуда ва дар ҷараёни се сол такмил хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки сохти ин роҳи оҳани як бахш аз пружаи бузурги баном “ТАТ” аст, ки бар бунёди он Афғонистон, Тоҷикистону Туркманистон аз тариқи роҳи оҳан бо дигари кишварҳои Осиёи миёна васл мешаванд.